Рӯзи дуюми сафари президент дар Суғд: кӯдакистон, боғ дар соҳили баҳр, туҳфа ба ятимон

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кӯдакистони “Бобуна”

Дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии ширхоргоҳ – кӯдакистони рақами 22-и “Бобуна”-ро баъди азнавсозиву таъмири куллӣ мавриди баҳрабардорӣ карор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бино бо харҷи 3 млн сомонӣ маблағ пурра азнавсозӣ гашта, он бо тарҳу лоиҳаи хоса барои таълиму тарбияи то 180 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Зикр мешавад, ки ширхоргоҳ-кӯдакистони “Бобуна” ягона муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Сирдарё барои 3000 нафар аҳолӣ буда, ба истифода додани бинои иловагӣ то андозае талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабиро қонеъ кард.

Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Сипас сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иштирок кард.

Иншооти мазкур бо фарогирии масоҳати умумии 1122 метри мураббаъ  аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷои нишаст, китобхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон аст.

Маркази таҳсилоти иловагӣ

Зимни шиносоӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.

Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳдуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст. Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омода аст.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик»

Дар Гулистон бо иштироки президент Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он дар соҳили «Баҳри тоҷик» соли 1991 ҷойгир буда, бо гузашти сӣ сол ба таҷдиду навсозӣ ниёз пайдо намуда буд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон

Дар тарабхонаи нав дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фарҳодҷон Шукуров сохта шудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба 80 нафар ятимни кулл аз шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт туҳфаҳои молию пулии сарвари давлат тақдим карда шуд.

Боғи интенсивӣ

Сипас дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарвари давлат дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” иштирок кард, ки барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст.

Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шудааст. Сипас Пешвои миллат бо шинонидани ниҳолҳои зардолуи қадпасти аз Туркия воридгардида ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузошт. Ин ҷо дар масоҳати 5 гектар ҳудуди 4 ҳазор ниҳоли зардолуи қадпаст шинонида мешавад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...