Вазорати меҳнат мегӯяд, бо 3 ҳазор сомонӣ мешавад дар Тоҷикистон тиҷоратро пеш бурд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 барои шаҳрвандони бекор 9,8 млн сомонӣ ($867,5 ҳазор) қарзҳои имтиёздор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо кардааст.

Дар ин бора, дирӯз, вазири меҳнат Ширин Амонзода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ин қарзҳоро беш аз 4 ҳазор нафар дарёфт кардаанд, ки 1,9 ҳазори онҳо занон будаанд. Бештар аз 1,2 соҳибкори ҷавон ва 928 нафари бекор барои роҳандозии тиҷорат  дар бахшҳои истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ низ аз ин қарзҳо гирифтаанд.

Барои ҳар довталаби ин қарзҳо  аз 3,1 то 3,2 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, дар соли 2021 58 ҳазору 908 нафар ҳамчун нафарони бекор эътироф шудаанд. Дар ин сол, ба гуфтаи вазир, 189 ҳазору 188 ҷойи кори нав эҷод шудааст. Аз ин 70 ҳазору 295 ҷойи кори доимӣ ва 73,3 ҳазор ҷойи кори муваққатӣ ва 38 623 кори мавсимӣ будаанд.  Дар ин ҷойҳои нави кор маош чӣ қадар аст, Вазорати меҳнат дар ин бора иттилоъ чизе намегӯяд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...