Вазорати меҳнат мегӯяд, бо 3 ҳазор сомонӣ мешавад дар Тоҷикистон тиҷоратро пеш бурд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 барои шаҳрвандони бекор 9,8 млн сомонӣ ($867,5 ҳазор) қарзҳои имтиёздор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора, дирӯз, вазири меҳнат Ширин Амонзода ба рӯзноманигорон хабар дод. Ин қарзҳоро беш аз 4 ҳазор нафар дарёфт кардаанд, ки 1,9 ҳазори онҳо занон будаанд. Бештар аз […]

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 барои шаҳрвандони бекор 9,8 млн сомонӣ ($867,5 ҳазор) қарзҳои имтиёздор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо кардааст.

Дар ин бора, дирӯз, вазири меҳнат Ширин Амонзода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ин қарзҳоро беш аз 4 ҳазор нафар дарёфт кардаанд, ки 1,9 ҳазори онҳо занон будаанд. Бештар аз 1,2 соҳибкори ҷавон ва 928 нафари бекор барои роҳандозии тиҷорат  дар бахшҳои истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ низ аз ин қарзҳо гирифтаанд.

Барои ҳар довталаби ин қарзҳо  аз 3,1 то 3,2 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, дар соли 2021 58 ҳазору 908 нафар ҳамчун нафарони бекор эътироф шудаанд. Дар ин сол, ба гуфтаи вазир, 189 ҳазору 188 ҷойи кори нав эҷод шудааст. Аз ин 70 ҳазору 295 ҷойи кори доимӣ ва 73,3 ҳазор ҷойи кори муваққатӣ ва 38 623 кори мавсимӣ будаанд.  Дар ин ҷойҳои нави кор маош чӣ қадар аст, Вазорати меҳнат дар ин бора иттилоъ чизе намегӯяд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.