“Беморон омода шаванд”. Вазир нагуфт, ки Тоҷикистон кай дастгоҳи асосии ташхиси бемории саратонро мехарад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гуфт, замоне дастгоҳи томографияи позитрон-эмиссия (позитронно-эмиссионной томографии), яке аз дастгоҳҳои асосӣ барои ташхиси бемориҳои саратонро мехаранд, ки маводи доруворӣ барои истифодаи онро дастрас ва беморонро барои ташхис омода  кунанд.

Ӯ дирӯз, 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо вуҷуди ин, харидани ин дастоҳ дар нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳаст ва онҳо бо шаркиони рушду соҳибкороне, ки дар дигар давлатҳо фаъолият доранд, ҳамкорӣ намуда истодаанд.

Номбурда гуфт, яке аз сабабҳои дигар ин гарон будани дастгоҳ аст, ки ба гуфтаи ӯ, агар онҳо маводи дорувориро харидорӣ накунанду беморонро барои ташхис омода накунанд, харидани он барои давлат зарар мешавад.

– Вале мо ҳоло кӯшиш намуда истодаем, ки пеш аз ҳама маводҳои доруворие, ки истифода мекунем, датрас намоем. Агар мо маводро дастрас намоем, ҳатман бояд истифода барем. Дар ин масъала мо корбарӣ карда истодаем. Аввал  мо роҳҳои маводи сарфаи ҳамин дастгоҳро биёрем, ки барои давлат зарар нашавад. Вақте мо касалро тайёр мекунем, баъд мавод дастрас мекунему ҳамонро истифода мекунем. Фикр мекунам, ки ин масъала дар оянда ҳалли худро меёбад,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.

Абдуллозода ҳамчунин, афзуд, ки имрӯз тамоми таҷҳизоти тибии мусоре, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё истифода мешавад, дар Тоҷикистон ва ҳатто дар навоҳиҳои дурдаст мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки томографияи позитронӣ эмиссия ё ба таври дигар ПЭТ як усули муосири тасвири тиббӣ мебошад, ки ба принсипи махсуси худ асос ёфтааст. Пеш аз омӯзиш, ба бадан як доруи фармасевтӣ, ки дорои ҷузъҳои радиоактивӣ мебошад, ворид карда мешавад – радиофармпрепарат (ин метавонад, глюкозаи аз ҷиҳати кимиёвӣ тағирёфта бошад).

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон Диловар Ғаниев, муовини директори «Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ»-и Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфта буд, ки бо ба истифода додани бинои нави Маркази ҷумҳуриявии илмию саратонӣ дастгоҳи ПЭТ, ки ҳоло дар кишвар нест, дастрас мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳоло маълум нест, ки маркази нави сартоншиносӣ кай ба фаъолият шурӯъ мекунад ва аз суханони вазири тандурустӣ бармеояд, ки замони фаъол шудани бинои нав ҳам Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи ПЭТ намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...