“Беморон омода шаванд”. Вазир нагуфт, ки Тоҷикистон кай дастгоҳи асосии ташхиси бемории саратонро мехарад

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гуфт, замоне дастгоҳи томографияи позитрон-эмиссия (позитронно-эмиссионной томографии), яке аз дастгоҳҳои асосӣ барои ташхиси бемориҳои саратонро мехаранд, ки маводи доруворӣ барои истифодаи онро дастрас ва беморонро барои ташхис омода  кунанд. Ӯ дирӯз, 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо вуҷуди ин, харидани ин дастоҳ дар нақшаи Вазорати тандурустӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гуфт, замоне дастгоҳи томографияи позитрон-эмиссия (позитронно-эмиссионной томографии), яке аз дастгоҳҳои асосӣ барои ташхиси бемориҳои саратонро мехаранд, ки маводи доруворӣ барои истифодаи онро дастрас ва беморонро барои ташхис омода  кунанд.

Ӯ дирӯз, 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо вуҷуди ин, харидани ин дастоҳ дар нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳаст ва онҳо бо шаркиони рушду соҳибкороне, ки дар дигар давлатҳо фаъолият доранд, ҳамкорӣ намуда истодаанд.

Номбурда гуфт, яке аз сабабҳои дигар ин гарон будани дастгоҳ аст, ки ба гуфтаи ӯ, агар онҳо маводи дорувориро харидорӣ накунанду беморонро барои ташхис омода накунанд, харидани он барои давлат зарар мешавад.

– Вале мо ҳоло кӯшиш намуда истодаем, ки пеш аз ҳама маводҳои доруворие, ки истифода мекунем, датрас намоем. Агар мо маводро дастрас намоем, ҳатман бояд истифода барем. Дар ин масъала мо корбарӣ карда истодаем. Аввал  мо роҳҳои маводи сарфаи ҳамин дастгоҳро биёрем, ки барои давлат зарар нашавад. Вақте мо касалро тайёр мекунем, баъд мавод дастрас мекунему ҳамонро истифода мекунем. Фикр мекунам, ки ин масъала дар оянда ҳалли худро меёбад,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.

Абдуллозода ҳамчунин, афзуд, ки имрӯз тамоми таҷҳизоти тибии мусоре, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё истифода мешавад, дар Тоҷикистон ва ҳатто дар навоҳиҳои дурдаст мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки томографияи позитронӣ эмиссия ё ба таври дигар ПЭТ як усули муосири тасвири тиббӣ мебошад, ки ба принсипи махсуси худ асос ёфтааст. Пеш аз омӯзиш, ба бадан як доруи фармасевтӣ, ки дорои ҷузъҳои радиоактивӣ мебошад, ворид карда мешавад – радиофармпрепарат (ин метавонад, глюкозаи аз ҷиҳати кимиёвӣ тағирёфта бошад).

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон Диловар Ғаниев, муовини директори «Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ»-и Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфта буд, ки бо ба истифода додани бинои нави Маркази ҷумҳуриявии илмию саратонӣ дастгоҳи ПЭТ, ки ҳоло дар кишвар нест, дастрас мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳоло маълум нест, ки маркази нави сартоншиносӣ кай ба фаъолият шурӯъ мекунад ва аз суханони вазири тандурустӣ бармеояд, ки замони фаъол шудани бинои нав ҳам Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи ПЭТ намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.