Қарзҳои “Барқи тоҷик” то аввали соли 2022 қариб ба 2,9 млрд доллар расиданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумии кредитории ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 32,3 млрд сомонӣ (наздики 2,9 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда 3,3 млрд сомонӣ (292 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”.

Қарзи умумии кредитории ширкат ба 33%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2021 (98,9 млрд сомонӣ) баробар аст.

Аз ҷумла, қарзи “Барқи тоҷик” дар назди Вазорати молия (қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои электроэнергетикӣ) ба зиёда аз 24,1 млрд сомонӣ расидааст.

Қарз ба “Ориёнбонк” ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” – 2,1 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-2” – 2,7 млрд сомонӣ, ҶСК “НБО Роғун” – 630 млн сомонӣ ва ҶСК ”Тоҷиктрансгаз” – 362 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ширкат аз ангишти гирифтааш барои Марказҳи барқу гармидиҳӣ ба таҳвилгарон 215 млн сомонӣ қарздор шудааст.

Соли 2021 тариқи иқтидорҳои энергетикии “Барқи тоҷик” 15,9 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуда, 65%-и он ба неругоҳи Норак рост меояд.

Ғайр аз ин, соли гузашта ширкат асосан аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва “Роғун” дар ҳаҷми 4,5 млрд кВт/соат неруи барқ дастрас намудааст.

Ширкат соли гузашта ба маблағи 896,1 млн сомонӣ (79,3 млн доллар) ба хориҷи кишвар барқ содир намудааст, ки 371,7 млн сомонӣ (32,9 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла соли гузашта ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) ва Ӯзбекистон – 260,2 млн сомонӣ (23 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...