Ректори Донишкадаи санъат сарояндаҳоро дар таъсири бад ба ҷавонон гунаҳкор медонад

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ изҳор дошт, ки “сарояндагони зиёде, ки бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабук рӯи саҳна омадаанд, ба ҷавонону наврасон таъсири бад мерасонанд”. Интиқоди шадиди ректор зимни нишасти матбуотии рӯзи 10 феврал садо дод, менависад Радиои Озодӣ. Ӯ аз ҳеҷ сарояндае ном нагирифта, вале гуфтааст, ки  онҳо […]

Радиои Озодӣ

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ изҳор дошт, ки “сарояндагони зиёде, ки бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабук рӯи саҳна омадаанд, ба ҷавонону наврасон таъсири бад мерасонанд”.

Интиқоди шадиди ректор зимни нишасти матбуотии рӯзи 10 феврал садо дод, менависад Радиои Озодӣ.

Ӯ аз ҳеҷ сарояндае ном нагирифта, вале гуфтааст, ки  онҳо “забони тоҷикиро намедонанд ва калимаҳоро нодуруст талаффуз мекунанд”.

Ӯ пешниҳод намудааст ки забон ва шеваи сурудхонии ин гуна сарояндаҳо бояд танзим шавад ва қабл аз сабти суруд бо афроди огоҳ машварат кунанд.

Гуфта мешавад, дар гузашта низ, пешниҳоди танзими кори бархе сарояндаҳо садо дода буд. Аз ҷумла, ду соли пеш бо танқид аз сурудҳои Қадами Қурбон, як сарояндаи маҳаллӣ, фаъолон пешниҳоди танзими сурудҳои сарояндаҳоро карда буданд.

Аммо бархеи дигар гуфтанд, ки аз ҳама бештар сурудҳои ин сарояндаҳо пурбинандаанд. Мухолифони ин назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки мақомот бо фароҳам кардани шароити беҳтар барои эҷоди таронаҳои хуб завқи мардумро метавонанд боло баранд ва танҳо дар ин сурат имкон дорад, чунин сарояндаҳо бемухлис монанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.