Ваҳдатҳо кам мешаванд. Кумитаи забон 4,5 ҳазор ҷойноми ғайримеъёриро ошкор кардааст

Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, дар соли 2021 бо сохторҳои марбута 12,5 ҳазор ҷойномҳо ё номи ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҷумҳуриро  мавриди баррасӣ қарор дода, дар натиҷа, 4,5 ҳазор номи такрор ва ғайримеъёриро ошкор намудааст. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 14 феврал дар нишасти матбуотӣ зикр кард ва гуфт, аз 4,5 ҳазор номи […]

Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, дар соли 2021 бо сохторҳои марбута 12,5 ҳазор ҷойномҳо ё номи ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҷумҳуриро  мавриди баррасӣ қарор дода, дар натиҷа, 4,5 ҳазор номи такрор ва ғайримеъёриро ошкор намудааст.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 14 феврал дар нишасти матбуотӣ зикр кард ва гуфт, аз 4,5 ҳазор номи ғайримеъёрӣ 32 ададашро номҳои такрории маҳалҳои аҳолинишин буданд.

Муҳаммадзода афзуд, ки барои ислоҳи номҳои такрор ва ғайримеъёрӣ ба мақомоти дахлдор ва маҷлисҳои вакилони маҳалҳо пешниҳодҳо ироа шудааст ва бо қарор маҷлиси вакилони маҳалҳо номҳ иваз мешаванд

– Дуруст аст, ки имрӯз дар харитаи ҷуғрофии кишвар номҳои маҳалҳои аҳолинишин ва ҷуғрофӣ такрор шудааст. Бояд гуфт, ки номҳои ҷуғрофӣ вобаста ба маҳалашон такрор шуданаш мумкин аст. Вале  маҳалҳои аҳолинишин набояд такрор шавад. Чунки онҳо нишонӣ ҳастанд, такрор ёфтанашон ба фаъолияти бархе сохторҳо, аз ҷумла почта дар сурати расонидани мактуб халал мерасонад. Бинобар ин мо инро баррасӣ карда, барои такрор нашуданашон номҳои навро пешниҳод кардем, – гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори вақти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (вазири барҳоли илму маорив), ҳамчун унзви Маҷлиси миллӣ аз шеваи номгузорӣ ба баъзе аз ноҳияву маҳаллаҳои Тоҷикистон интиқод намуда, аз мақомот хоста буд, дар оянда ба чунин хатоҳо роҳ надиҳанд.

Имомзода дар муҳокимаи порлумонӣ дар Маҷлиси миллӣ дар бораи асосҳои ҳуқуқии номгузорӣ ва тағйири номи маҳаллаҳо дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар кишвар 31 маҳаллаву ноҳия Ваҳдат ном гирифтаанд, 41 – Гулистон, 25 – Истиқлол, 15 – Баҳористон, 26 – Бӯстон вуҷуд дорад.

Ба қавли Муҳаммадюсуф Имомзода, даҳҳо маҳаллаву кӯчаро меёбед, ки мақомоти масъул Лолазору Зарнисору Навобод ном гузоштаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пеш аз ҳама номҳои мероси замони шӯравиро тағйир дод, аз вилояти Ленинобод, номи бостонии Суғдро гирифт. Ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов иваз шуда, Табошар ба Истиқлол табдил шудааст. Ноҳияи Куйбишеви пешин ҳоло номи Абдураҳмони Ҷомиро дорад. Ва ҳамин тавр ноҳияи Маскав Ҳамадонию ноҳияи Совет Темурмалик шуд.

Дар охирин мавҷи тағйири ҷойномҳо ё номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон номи шаш ноҳия – Ҷалолиддини Румӣ, Ҷилликӯл, Қумсангир, Шӯрообод, Тавилдара ва Ҷиргатол табдили ном карданд. Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷилликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.