Сафири Тоҷикистон аз ҷараёни бунёди як мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон боздид кардааст

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз ҷараёни сохтмони мактаби тоҷикӣ дар деҳаи Истошуни (Истошон)-и ноҳияи Букаи Ӯзбекистон боздид кардааст. Сохтмони ин мактаб ба василаи ҳашар ва бо маблағгузории худи сокинони деҳа ду моҳ пештар оғоз шуда буд. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи “Машъал”-и ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода гуфтааст, рӯзи […]

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз ҷараёни сохтмони мактаби тоҷикӣ дар деҳаи Истошуни (Истошон)-и ноҳияи Букаи Ӯзбекистон боздид кардааст. Сохтмони ин мактаб ба василаи ҳашар ва бо маблағгузории худи сокинони деҳа ду моҳ пештар оғоз шуда буд.

Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи “Машъал”-и ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода гуфтааст, рӯзи 12-уми феврал Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ҳокими ноҳияи Бука меҳмони мастчоҳиёни муқими деҳаи Истошон шуданд.

Ба иттилои манбаъ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ҳини шиносоӣ аз корҳои сохтмони мактаби тоҷикӣ ба мардуми ин деҳа таҳсину офарин хондааст. “Вай гуфтааст аз тариқи расонаҳо аз бунёди чунин мактаби тоҷикӣ ва он ҳам аз ҳисоби худи мардум огоҳ шуда, хостааст онро аз наздик бубинад”,-навиштааст, Фитрати Ҳикмат

Манбаъ мегӯяд, сафир ваъда кардааст, ки барои дастрас намудани китобҳои дарсии тоҷикӣ ва ҷалби соҳибкорони тоҷики муқими Ӯзбекистон дар анҷоми корҳои андова (штукатурка)-и девори бино кӯмак хоҳад кард.

Деҳаи Истошуни (Истошон)-и ноҳияи Букаи Ӯзбекистон ҳамагӣ 30-40 километр дуртар аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҷойгир аст, ки сокинонаш мастчоҳиёни муқими Ӯзбекистон мебошанд. Дар ин деҳа беш аз ду моҳ аст, ки тоҷикон тариқи ҳашар ва бо маблағгузории худ мактаб месозанд. Барои бунёди ин мактаб наздик 3 миллион сомонӣ маблағ сарф мешавад, ки ба сари ҳар як хонаводаи деҳа тақрибан 10 ҳазор сомонӣ рост меояд. Бинокорон ҳама ройгон кор мекунанд ва касе ҳаққи хидмат намегирад.  

Ин мактаб барои 350-400 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, мардум талош доранд корҳои сохтмониро то соли нави таҳсил ба анҷом расонанд.

Дар аҳди ҳукумати Ислом Каримов дар Ӯзбекистон шумораи мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шуда буд ва ҳамакнун баъди ба сари қудтар омадани Шавкат Мирзиёев теъдоди чунин мактабҳо дар ин кишвар рӯ ба зиёдшавист.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.