“Толибон” ба марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор неру сафарбар мекунад

Ҳаракати “Толибон” ба минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор сарбози муҷаҳҳаз бо силоҳ ва техникаи муосирро сафарбар мекунад, изҳор доштааст рӯзи душанбе сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи толибон Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, хабар медиҳад “Интерфакс”. “Артиши 10-ҳазор нафараи муҷаҳҳаз бо муосиртарин техникаи низоми НАТО ва ИМА, ки дар минтақаҳои шимол ва шимолу шарқи кишвар мустақар […]

Ҳаракати “Толибон” ба минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор сарбози муҷаҳҳаз бо силоҳ ва техникаи муосирро сафарбар мекунад, изҳор доштааст рӯзи душанбе сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи толибон Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, хабар медиҳад “Интерфакс”.

“Артиши 10-ҳазор нафараи муҷаҳҳаз бо муосиртарин техникаи низоми НАТО ва ИМА, ки дар минтақаҳои шимол ва шимолу шарқи кишвар мустақар аст, алайҳи ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ муқовимат кардаву тадбир меандешад", – гуфтааст Фитрат дар Твиттер.

“Дар фурсати наздиктарин ҳавопаймоҳо омода шуда, ин неруи пурқувватро дастгирӣ хоҳанд кард”, – илова намудааст намояндаи “Толибон”.

Вилояти Балхи шимоли Афғонистон бо Ӯзбекистон ва вилоятҳои Кундузу Тахор ва Бадахшони шимолу шарқи ин кишвар – бо Тоҷикистон ҳаммарзанд.

Қаблан дабири кулли СПАД Станислав Зас изҳор дошта буд, ки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя ягон хатари ошкори густариши низомии Толибон аз Афғонистон вуҷуд надорад.

“Аз ҷумла дар Тоҷикистон, аммо дар баробари ин, таҳдидҳои дигар аз ин қаламравҳо, аз қабили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир рӯзмарра боқӣ мемонад”, – зикр кардааст вай дар конфронси маҳфили муколамавии “Валдай”.

Зас изҳор намудааст, ки дар шароити буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ ва фалокати башардӯстона дар Афғонистон, рӯзмарра будани ин таҳдидҳо меафзояд, зеро дар он ҷо фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятпеша, ташкилотҳои террористӣ ва савдои маводи нашъаовар ҳамчун яке аз манбаъҳои зинда мондани одамон тақвият меёбад.

“Албатта, мо инро дар назар дорем ва ният дорем, ки минбаъд низ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва таъмини амнияти марзҳои ҷанубии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунем", – илова намудааст Станислав Зас.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.