32 варзишгар довталаби имсолаи ҷоизаи президент барои 450 ҳазор сомонӣ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имсол ба 32 варзишгар Ҷоизаи президенти Тоҷикистон барои пирӯзӣ ва бурдани ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2021 дода мешавал. Маблағи имсолаи ҷоиза 450 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод. Дар соли 2020 ҳамагӣ 4 нафар соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.

Раҳмонзода гуфт, пандемияи COVID-19 шумори варзишгарони гирандаи ҷоизаи ҳамасолаи сарвари давлатро ба таври назаррас кам кард, зеро онҳо дар ин асл дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ камтар ширкат карданд.

– Тибқи низомнома варзишгарони мо дар намудҳои варзиши олимпиву ғайриолимпӣ бо шарту шароитҳои муайян бояд ширкат кунанд ва сазовори ҷоизаҳо шаванд. Варзишгар замоне соҳиби ҷоизаи президент мешавад, ки дар чорабиние, ки на камтар аз 60 кишвар ширкат карда бошанд ё дар намуди олимпие, ки дар он 10 кишвар шаркат доштанд, ҳунарнамоӣ кунад. Бинобар сабаби он ки соли гузашта чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо маҳдудиятҳо баргузор шуд, ҳамагӣ 4 нафар бо ҷоизаи президент  сазовор шуданд, -гуфт Раҳмонзода.

Имсол Акмалиддин Каримов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Хушқадам Хусравов ва чанд тани дигар аз довталабони эҳтимолии ин ҷоиза гуфта мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ва миқдори маблағ аз теъдоди иштирокчӣ ва намуди варзиш вобаста аст.

Дар низомномаи ҷоизаи президент, ки ба варзишгарон тақдим мегардад, чор намуди мусобиқа ба назар гирифта мешавад: барои ҷои якум дар бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, чемпионати ҷаҳон аз намудҳои олимпӣ 250 ҳазор сомонӣ, бозиҳои Осиё 150 ҳазор сомонӣ ва чемпионати Осиё 75 ҳазор сомонӣ. Барои ҷойи дуввум ва сеюм ҷоизаи пулии ҳаҷмаш нисбатан камтар дода мешавад

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 42 варзишгар аз рӯи 10 навъи варзиш ба ҷоизаи президент соҳиб шуда буданд. Соли 2018 69 нафар ҷоизаи президентро гирифтанд.

Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарин соли 2015 таъсис дода шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...