Хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон: 548 арзу шикоят аз мардон

Соли 2021 дар Тоҷикистон 548 далели зоҳир шудан хушунати занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта ба сурати умум 3 ҳазору 485 далели хушунат дар оилаҳо сабт […]

Соли 2021 дар Тоҷикистон 548 далели зоҳир шудан хушунати занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта ба сурати умум 3 ҳазору 485 далели хушунат дар оилаҳо сабт шудааст, ки 176 далел камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (соли 2020) мебошад.

“Аз шумори умумии арзу шикоятҳо 548 далел ба муроҷиати мардон дар мавриди зоҳир шудани хушунат ба онҳо аз ҷониби ҳамсаронашон дахл дорад”, – таъкид дошт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, бо назардошти арзу шикоятҳои шифоҳӣ, ки “бамаротиб аз аризаҳои хаттӣ ба ВКД зиёдтаранд”, дар муқоиса бо соли 2020 соли гузашта ҳолатҳои хушунат (зӯроварӣ) дар оила афзудааст.

Ӯ зикр кард, ки баҳри ҳалли ин мушкилоти муҳим тадбирҳо амалӣ мешаванд, аз қабили гузаронидани суҳбатҳо бо аҳли оила ва ҳамсояҳои онҳо, то ки мушкилот ҳамаҷониба омӯхта шуда, азҳампоишии оилаҳо пешгирӣ карда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.