Дар Суғд 70 корманди мақомоти андоз аз мақом барканор ва 302 касро танбеҳи қатъӣ додаанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Давоми як соли ахир 302 кормандони мақомоти андоз дар Суғд танбеҳи қатъӣ гирифта, 32 нафар сарзаниш ва 70 кас аз мансаб барканор шудаанд.  

Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, вале сабабҳои танбеҳ гирифтану сарзаниш шудан ва аз мақом барканор шудани кормандонашро шарҳ надод. Вай гуфт, дар ин давра 128 нафари дигар дар ин ниҳод соҳиби мансаб шуданд.   

Мақомоти андоз нисбати кормандонаш беҳад сахтгир аст. Мо пештар дар нимсол баъдан дар семоҳ ва ҳоло моҳона фаъолияти кормандонро месанҷем”.-гуфт Абдуқаюм Воҳидов  

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта се корманди андоз бо ҷурми ҷинояти қаллобӣ гумонбар шуданд. Абдуқаюм Воҳидов аз ин кормандонаш Зарина Раҳмонова, Далер Ӯлмасов, Боймурод Каримов ном бурда мегӯяд, бар асоси моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гумонбар мешаванд. “Аз инҳо як кас сармутахассис, ду каси дигар мутахассиси нозироти андоз буданд”-афзуд, сардори Раёсати андоз, вале ҷузъиёти парвандаи онҳоро шарҳ надод.   

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврали ниҳоди зери раҳбарияш низ  эътироф карда буд, ки соли гузашта 12 нафар корманди ниҳоди зери раҳбарияш даст ба фасод задаанд. Вай гуфт, ки соли 2021 дар маҷмуъ 14 ҳолати коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода дар ин давра 42 нафар корманди Кумитаи андоз  барои роҳ додан ба камбудиҳо аз кор ронда шуданд, ки байнашон шахсоне ҳам буданд, ки мансабҳои роҳбарикунанда доштанд.

«Новобаста аз он, ки чораҳои зиёд дар кумита андешида мешавад, мутаассифона камбудиҳо ҷо дорад. Ҷиҳати пешгирӣ кардани ин амалҳо пайваста дар ҷаласаҳо низ чораҷӯйӣ  мекунем».-гуфт, раиси Кумитаи андоз.

Дар Тоҷикистон ба далели баланд будани сатҳи андоз, шикоятҳои мақомот аз рӯйпӯш кардани андоз зиёд аст, ки дар аксари маврид бо ҳамдастии нозирони андоз сурат мегирад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...