“Мушкилоти оилавӣ”: раиси Шаҳритус худкушии раиси ҷамоат дар ин ноҳияро шарҳ дод

Ҷаббори Ғафор раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарияш, имрӯз 15-феврали соли 2022, сабаби даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат дар ин ноҳияро мушкилоти хонаводагӣ номид. Ҷасади ин раиси ҷамоатро субҳи 11-уми феврал овехта пайдо карда буданд. "Вобаста ба худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ҷаббори Ғафор раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарияш, имрӯз 15-феврали соли 2022, сабаби даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат дар ин ноҳияро мушкилоти хонаводагӣ номид.

Ҷасади ин раиси ҷамоатро субҳи 11-уми феврал овехта пайдо карда буданд.

"Вобаста ба худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкуши заданаш мушкилоти оилавияш будааст. Дасхат навиштааст ва дар дасхат низ гуфтааст, сабаби худкуши заданаш мушкили оилавияш мебошад",-гуфт раиси ноҳия.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйиднашуда, гуфта мешавад марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз яке фиалҳои бонкҳо дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта бошад.

Аммо раиси ноҳия гуфт, инҳо овоза ҳастанд ва асос надоранд. Раиси гуфт, ки ӯ дар кораш мушкиле надошт.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки як рӯз пеш аз ҳодиса бо роҳбарии худи ин раиси ҷамоат дар масъалаи даст ба худкушӣ задан, пешгириҳо аз ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳамоише бо ҳузури бо мардум гузаронда шуда буд. Худи Хушқадам Нодиров низ дар ин ҳамоиш суханронӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 11-уми феврали соли 2022, ҷасади раиси ҷамоат Хушқадам Нодиров дар манзили зисташ овехта пайдо карданд.

Хушқадам Нодирови 34-сола то вазифаи раиси ҷамоат, ба унвони нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.