Даргузашти Калемулло Қодиров дар ИМА: нафаре, ки дар Иҷлосияи XVI парчамро бардошту Эмомалӣ Раҳмон бӯсид

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Калемулло Қодиров, ходими давлативу ҷамъиятӣ ва яке аз ташкилкунандагони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 83 – солагӣ дар шаҳри Нюйорки Амрико аз олам даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки Қодиров яке аз нафароне буд, ки дар ташкил ва гузаронидани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат карда, дар ташкили ҳукумати нав саҳм гузоштааст.

Рӯзноманигор ва бародарзодаи Қодиров, Шервони Умриддин менависад, ки Қодиров он замон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ташкилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар раванди сулҳу савгандёдкунии ҳайъати Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, нахустин Парчами ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бардоштааст.

– Ин Парчами таърихиро ӯ тӯли 15 сол бо худ нигоҳ доштаву дар 15-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа намуд. Ин Парчами таърихӣ дар Осорхонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад,- навиштааст Шервон.

Калемулло Қодиров 20-уми сентябри 1939 дар деҳаи Ғӯйтани шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, соли 1962 ришати таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои 1962-1982 ба унвони муҳаррири шуъбаи сиёсии нашриёти давлатии Тоҷикистон, дастурдиҳандаи Кумитаи марказии ЛКСМ Тоҷикистон ва кумитаи ҳизбии ноҳияи вақти Октябри Душанбе, сардори бозрасии давлатии Вазорати маданияти Тоҷикистон ва муовини раиси Ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърих ва маданияти Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ солҳои 1982-1985 котиби дуюми Сафорати ИҶШС дар Афғонистон буд.

Аз соли 1985 то соли 2002 дастурдиҳандаи калони шуъбаи ташкилии Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва  сармутахассиси шуъбаи ташкилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.

Калемулло Қодиров баъди расидан ба бознишастагӣ ҳамроҳ бо фарзандону наберагонаш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико зиндагӣ  мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...