Мулоқоти Намояндаи Ташкилоти Оқохон бо раҳбари минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ

Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Роҳбари Осиёи Марказии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) хонум Кассандра Колберт, мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти AKDN дар як хабарнома мегӯяд, ки ин дидор, рӯзи 14 феврал дар дафтари  ин ниҳод дар Душанбе баргузор шудааст.  – Зимни вохӯрӣ ҷаноби Қоимдодов ва хонум Кассандра дар мавриди ҳамкориҳои […]

Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Роҳбари Осиёи Марказии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) хонум Кассандра Колберт, мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти AKDN дар як хабарнома мегӯяд, ки ин дидор, рӯзи 14 феврал дар дафтари  ин ниҳод дар Душанбе баргузор шудааст.

 – Зимни вохӯрӣ ҷаноби Қоимдодов ва хонум Кассандра дар мавриди ҳамкориҳои дарозмуддати AKDN ва IFC суханронӣ намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду созмони байналмилалиро ҷиҳати таҳия ва тарҳрезии барномаҳои муштараки миллӣ ва минтақавӣ ва инчунин ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд,-гуфта мешавад дар хабарнома.  

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки яке аз беҳтарин намунаҳои шарикии AKDN, бахусус Бунёди Оқохон дар умури рушди иқтисодӣ (AKFED), IFC ва Ҳукумати Тоҷикистон ин таъсиси ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад, ки он ҳамчун тарҳи шарикӣ миёни бахши хусусӣ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур на танҳо ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадашхон дар Тоҷикистон, балки ба мардуми Бадахшони Афғонистон низ таъсири чашмгир ва мусбат гузошта истодааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои нави шарикӣ ва машваратҳои мунтазам дар бахши таҳкими ҳамкориҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.

Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN)  ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин  баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.