Мулоқоти Намояндаи Ташкилоти Оқохон бо раҳбари минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ

Иттилоияи расмӣ

Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Роҳбари Осиёи Марказии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) хонум Кассандра Колберт, мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти AKDN дар як хабарнома мегӯяд, ки ин дидор, рӯзи 14 феврал дар дафтари  ин ниҳод дар Душанбе баргузор шудааст.

 – Зимни вохӯрӣ ҷаноби Қоимдодов ва хонум Кассандра дар мавриди ҳамкориҳои дарозмуддати AKDN ва IFC суханронӣ намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду созмони байналмилалиро ҷиҳати таҳия ва тарҳрезии барномаҳои муштараки миллӣ ва минтақавӣ ва инчунин ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд,-гуфта мешавад дар хабарнома.  

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки яке аз беҳтарин намунаҳои шарикии AKDN, бахусус Бунёди Оқохон дар умури рушди иқтисодӣ (AKFED), IFC ва Ҳукумати Тоҷикистон ин таъсиси ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад, ки он ҳамчун тарҳи шарикӣ миёни бахши хусусӣ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур на танҳо ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадашхон дар Тоҷикистон, балки ба мардуми Бадахшони Афғонистон низ таъсири чашмгир ва мусбат гузошта истодааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои нави шарикӣ ва машваратҳои мунтазам дар бахши таҳкими ҳамкориҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.

Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN)  ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин  баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...