“Мушкилоти оилавӣ”: раиси Шаҳритус худкушии раиси ҷамоат дар ин ноҳияро шарҳ дод

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ҷаббори Ғафор раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарияш, имрӯз 15-феврали соли 2022, сабаби даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат дар ин ноҳияро мушкилоти хонаводагӣ номид.

Ҷасади ин раиси ҷамоатро субҳи 11-уми феврал овехта пайдо карда буданд.

"Вобаста ба худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкуши заданаш мушкилоти оилавияш будааст. Дасхат навиштааст ва дар дасхат низ гуфтааст, сабаби худкуши заданаш мушкили оилавияш мебошад",-гуфт раиси ноҳия.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйиднашуда, гуфта мешавад марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз яке фиалҳои бонкҳо дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта бошад.

Аммо раиси ноҳия гуфт, инҳо овоза ҳастанд ва асос надоранд. Раиси гуфт, ки ӯ дар кораш мушкиле надошт.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки як рӯз пеш аз ҳодиса бо роҳбарии худи ин раиси ҷамоат дар масъалаи даст ба худкушӣ задан, пешгириҳо аз ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳамоише бо ҳузури бо мардум гузаронда шуда буд. Худи Хушқадам Нодиров низ дар ин ҳамоиш суханронӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 11-уми феврали соли 2022, ҷасади раиси ҷамоат Хушқадам Нодиров дар манзили зисташ овехта пайдо карданд.

Хушқадам Нодирови 34-сола то вазифаи раиси ҷамоат, ба унвони нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...