Нигаронии шадиди раиси ВАК-и Тоҷикистон аз плагиат, бадбиниҳо миёни олимон ва “фабрикаи эҷод“

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон, дар нишасти хабарии имрӯз аз мушкилиҳо дар бахши дифои рисолаҳои илмӣ ишора кард ва гуфт, имрӯз муносибат байни олимон хеле нигаронкунанда аст ва то ворид шудани дисертатсия аз болои довталаб ариза пушти ариза ба онҳо ворид мешавад. Ӯ,  ки имрӯз, дар назди рӯзноманигорон суҳбат мекард, афзуд, ки олимон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон, дар нишасти хабарии имрӯз аз мушкилиҳо дар бахши дифои рисолаҳои илмӣ ишора кард ва гуфт, имрӯз муносибат байни олимон хеле нигаронкунанда аст ва то ворид шудани дисертатсия аз болои довталаб ариза пушти ариза ба онҳо ворид мешавад.

Ӯ,  ки имрӯз, дар назди рӯзноманигорон суҳбат мекард, афзуд, ки олимон аз якдигар қасос мегиранд ва шогирдони якдигарро пешпойӣ медиҳад.

– Чанде пеш як шурои илмӣ таъсис додем, дар як сол як дисертатсия пешниҳод накарданд. Дар шуро ҷамъ мешаванд ва сояи якдигарро аз девор метарошанд. Мо аз пушти онҳо наметавонем, ки як олими ҷавон тайёр кунем. Дар ин замина баъзан илтимосҳои ноҷову фишорҳову ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, пеши роҳи инро бояд гирифт. Илм ҷойи чунин корҳо нест, – гуфт Абдулҳаким Розиқзода.

Номбурда гуфт, мушкили дигари соҳа ин аст, ки то ба ҳол шахсони тасодуфӣ мехоҳанд, ба илм даст зананд.

Роҳбари ВАК-и Тоҷикистон аз ҷавонон гила кард ва гуфт, ки онҳо на ба хотири илм, ин роҳро пеша мекунанд, балки ба хотири дарёфт кардани вазифа ва  шуҳрат ба роҳи илм мераванд.

Номбурда ҳамин тариқ, мисол овард, ки як ҷавон баъди он ки кори илмиаш аз шӯрои комисия гашт, ба ӯ гуфт, ки “дар идораи мо номзадҳои илмро рӯйхат карданд ман аз вазифаам мондам”.

– Вақте кори илмии як довталабро гардонидем, гуфт, барои номзад шудан як китобам намерасид,  дар як ҳафта ҳал кардам, – гуфт Абдулҳаким Розиқзода.

Номбурда беинсофона рӯйбардор ва ё плагиат шудани корҳои илмиро тасдиқ намуд ва гуфт, ки онҳо барномаеро ҳам харидорӣ кардаанд, ки чунин ҳолатҳоро ошкор мекунад.

Ӯ гуфт, ки дар донишгоҳҳо ҳам барномаи антиплагиат амал мекунад, вале онҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбута тасмим гирифтанд, ки  корҳои илмӣ танҳо дар барномаи антиплагиати КОА гузаронида шавад.

– Дар барномаҳои антиплагиатҳои донишгоҳҳо омили инсонӣ эҳсос мешавад, боло бурдан аслияти кор ба назар мерасад. Яъне агар дисертатсия 100 саҳифа бошад, 75 саҳифааш бояд моли худи рисоланавис бошад, – гуфт номбурда.

Сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳои корҳои илмӣ аз дигар мушкилиҳое аст, ки Розиқзода нигаронӣ кард ва гуфт, ҳатто рӯзи якшанбе ҳам бархе шуро ҷаласа гузаронида, мавзуъро тасдиқ карданд.

Розиқзода аз номи як нафари дигар навиштани корҳои илмиро ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо номи инро “фабрикаи эҷод” гузоштаанд ва вақте аз довталаб муҳтавои кори илмиро мепурсанд, чизе намедонад.

Ӯ ҳатто мисол овард, ки як довталаб бо ифтихор гуфтааст, ки боби дуввуми кори илмиашро устодаш “тақдим” кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.