Ташкилоти Оқохон дар Тоҷикистон ва Корея ҳамкорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Санаи 16 феврал Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (АKDN) Қозидавлат Қоимдодов бо сафири Курёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок мулоқот намуд. Ин мулоқот дар дафтари АKDN баргузор шуд. Дафтари матбуоти АKDN мегӯяд, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Сафорати Кореяро тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва AKDN мавриди муҳокима […]

Иттилоияи расмӣ

Санаи 16 феврал Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (АKDN) Қозидавлат Қоимдодов бо сафири Курёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок мулоқот намуд. Ин мулоқот дар дафтари АKDN баргузор шуд.

Дафтари матбуоти АKDN мегӯяд, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Сафорати Кореяро тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва AKDN мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.  

Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои муассирро таъкид намуда, бар аҳамияти густариши шарикӣ дар чанд бахш, аз қабили иҷтимоъиву иқтисодӣ ва маориф таъкид карданд.

Зикр гардид, ки таҷрибаи ғанӣ ва фаъолияти дарозмуддати барномаҳои AKDN ва хадамотҳои он ба беҳтар шудани сифати зиндагии мардуми тоҷик мусоидат намуда истодаанд.

Дар охир ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум изҳор намуданд.

Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин  баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.