ММТ пули хидматрасонии дохилшавӣ ба макотиби олиро дар соли 2022 муқаррар кард

Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ Хуршед Икромӣ хабар дод, ки ҳудуди 80%-и донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва муассиаҳои касбӣ-техникӣ тибқи шартномаи пулакӣ таҳсил мекунанд. Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта 55 ҳазору 823 нафар донишҷӯён тариқи супурдани тест ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил шуда, айни замон 45 ҳазору 168 нафари онҳо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ Хуршед Икромӣ хабар дод, ки ҳудуди 80%-и донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва муассиаҳои касбӣ-техникӣ тибқи шартномаи пулакӣ таҳсил мекунанд.

Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта 55 ҳазору 823 нафар донишҷӯён тариқи супурдани тест ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил шуда, айни замон 45 ҳазору 168 нафари онҳо тибқи шартнома пулакӣ таҳсил мекунанд.

“30 ҳазору 484 довталаб ба муассисаҳои миёнаи касбӣ-техникӣ дохил шуда, 23 ҳазору 372 нафар пулакӣ таҳсил доранд”, – иброз дошт вай.

Зикр шуд, ки соли 2021 дар низоми ММТ 36 мактаби олӣ ва 67 муассисаи миёнаи касбӣ-техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Икромӣ ҳамчунин хабар дод, ки аз 1 марти соли равон марҳилаи асосии сабти довталабон ба имтиҳоноти мутамаркази дохилшавӣ оғоз мегардад.

“Таърифаҳо барои хидматрасонии Марказ дар соли 2022 мисли соли пешин дар мувофиқа бо Хадамоти зиддинҳисорӣ барои довталабони дорои маълумоти миёна (синфи 11) 240 сомонӣ, маълумоти миёнаи нопурра (синфи 9) – 180 сомонӣ муқаррар шуд”, – гуфт роҳбари Марказ.

Дар робита ба нархи таҳсил дар гуруҳҳои шартномавӣ (пулакӣ) зикр шуд, ки онро худи муассисаҳои таълимӣ муайян мекунанд.

“Маълумот дар бораи нақшаи қабул ва нархҳо айни замон навсозӣ шуда, ба наздикӣ дар сомонаи Марказ нашр мешавад”, – илова кард Икромӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.