Дар Тоҷикистон ду рӯзи ахир мавридҳои сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст

Давоми ду шабонарӯзи охир – 16-17-уми феврал дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз COVID-19 сабт нашудааст. Маълумоти оморӣ дар сомонаи Вазорати тандурустӣ на рӯзи панҷшанбеву на имрӯз нав нашудааст. Ёдрас мекунем, ки ахиран ҳолатҳои сироят гирифтан аз коронавирус рӯзи 15 феврал – 3 ҳолат ва рӯзи пеш аз ин – 4 ҳолат ба қайд гирифта […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Давоми ду шабонарӯзи охир – 16-17-уми феврал дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз COVID-19 сабт нашудааст. Маълумоти оморӣ дар сомонаи Вазорати тандурустӣ на рӯзи панҷшанбеву на имрӯз нав нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахиран ҳолатҳои сироят гирифтан аз коронавирус рӯзи 15 феврал – 3 ҳолат ва рӯзи пеш аз ин – 4 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд.

Ба ин тариқ, аз замоне, ки рӯзи 21 январ Вазорати тандурустӣ ҳодисаҳои нави сироятёбиро дар кишвар эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар ин муддат  ба 277 нафар расид.

Дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то ин дам дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 385 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 249 нафарро ташкил медиҳад.

То ин замон  теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18-сола боло  бар зидди коронавирус идома дорад. То 1 феврали соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 594 ҳазору 703 нафар (79,7% аз шумори умумии аҳолии калонсол) ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.