Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид ҳам аз мақоми мудири Оҷонсии назорати маорифи Тоҷикистон барканор шуд

Asia-Plus

Шоҳин Саидзода, мудири Оҷонсии давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳам дар пайи тағйироти кадрии имрӯз аз мақомаш барканор шудааст. Хабари барканории ӯро як манбаъи муътамад аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" таъйид кард. 

Манбаъ гуфт, ки фармони барканории ӯро дар Вазорат дар расмии муаррифи вазири нави маориф ва муовинонаш сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қироат кард, ки дар фармон танҳо гуфта мешуд, ки аз сабаби ба кори дигар гузаштан, мақомаш озод карда шавад.

Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид вазири собиқи маорифи Тоҷикистон ва раисии кунунии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аст, ки дар гузашта, дар замонии вазирии падараш исмаш баъди аз сӯйи пойгоҳи "Диссренет" ба асардуздӣ муттаҳам шуданаш, расонаӣ шуда буд. 

Соли 2018 пойгоҳи "Диссернет" ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард ва хабарҳо ҳам нашр шуда буд, ки дараҷаи илмии ӯ бекор карда шудааст, вале соли 2019 намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буданд, дараҷаи илмии Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст.

Аммо соли 2019, Саидзода рисолаи номзадиашро аз нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дифоъ кард. 

Ҳимояи рисолаи номзадии Шоҳин Саидзода рӯзи 12-уми апрели соли 2019 баргузор шуд. Мавзӯи рисолааш “Такмили қонунгузорӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ” буд. 

Саидзодаро яке аз кадрҳои ҷавонтарини ҳукумати феълӣ медонанд, ки ба гуфтаи мунтақиддон бо истифода аз нуфузи падараш ба ин мақом расидааст.

Ӯро ҳамчунин чанд сол пеш пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” ба сирқати илм гунаҳкор карда буд.

Ҳамчунин, дар яке аз ҷаласаи парлумон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни баромад ва посух ба суолҳо аз Шоҳин Саидзода интиқод карда гуфта буд, ки барои шарҳи масъала омодагӣ надидааст ва бояд оянда бо омодагӣ баромад кунад.

Аммо ӯ баъдан дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ба ҷаласаи порлумон бо тайёрӣ омад, аммо "вазъи саломатияш хуб набуд".

Аз ҷумла, Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси намояндагон хитоб ба Шоҳин Саидзода дар ин ҷаласаи порлумон гуфт, ки "ҳукумат ба Шумо бовар кардааст. Вазифаи беҳад калон доред, барои синну солатон беҳад калон аст. Ба дараҷаи даркорӣ тайёрӣ надида омадед. Фарқ надорад, ки бори аввал аст ё дувум, вазифадоред, ки хуб тайёрӣ дида оед."

Шоҳин Саидзода дар нишасти охири матбуотии ниҳоди акнун собиқи зери роҳбариаш, тарки дастаҷамъонаи омӯзгоронро рад карда гуфта буд, ки ҳолати ба муҳоҷирати дастаҷамъона кӯч бастани омӯзгорон ба муҳоҷиртаи меҳнатӣ ҷой надорад. 

Шоҳин Саидзодаи 37-сола, моҳи марти соли 2020 раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин шуд. Пештар ин идора хадамоти назорат дар соҳаи маориф ном дошт ва зери итоати Вазорати маориф ва илм буд. Имсол онро ба Оҷонсӣ – идораи мустақил табдил доданд.

Саидзода хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...