Се тан аз ҷабрдидагони таркиши “заправка” дар Қубодиён дар шуъбаи эҳёгарии бемористонанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бар асари сар задани сӯхтор ва таркиш дар пайи он дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (“заправка”) дар ноҳияи Қубодиён 14 нафар захмҳои гуногуни сӯхтагӣ бардоштанд, ки миёнашон занон ҳам ҳастанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Беморхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дод, 8 нафар ҷабрдидагон ба онҳо муроҷиат намуда, ҳолати 2 нафарашон вазнин ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии бемористонанд. Боқимонда 6 нафари дигар осори сӯхтаҳои дараҷаи миёна дошта, зери муоинаи табибон қарор гирифтаанд.

Холмурод Ойматов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ба онҳо низ 6 нафар муроҷиат карда, вазъи солимии яке аз онҳо – Раҷаб Маллаеви 21-сола вазнин ва ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Боқимонда 5 ҷабрдидаи дигар пас аз расонидани кумаки тиббӣ ба хонаҳояшон русхат дода шудаанд.

Тибқи маълумоти кормандони тиббӣ, осори захмҳои сӯхта дар бадани онҳое, ки дар шуъбаи эҳёгарии бемористонанд, беш аз 90%-ро ташкил дода, табибон баҳри наҷоти онҳо талош меварзанд.

Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ду гуруҳи мутахассисони ҷумҳурӣ ва вилоят барои кумак ба табибони Қубодиён сафарбар шудаанд.

Сӯхтор ва таркиш дар пайи он дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён тахминан байни соатҳои 15 ва 16-и рӯз рух дода, бар асари он ин нуқта пурра ба коми оташ рафт. Ба оташнишонон муяссар шуд, ки таркиши як зарфи 10 тоннаи газро пешгирӣ кунанд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ҳамчунин нуқтаи хидматрасонӣ барои автомашинаҳо ва 7 мошини дигар низ осеб дидаанд.

Сокинони маҳаллӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки шумори нафарони осебдида зиёдтар буд, лекин онҳо захмҳои сабуки сӯхтагӣ гирифта, ба табибон муроҷиат накардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...