Таркиши як “заправка” дар Қубодиён. 15 тан ҷароҳат бардоштаанд

Дар маркази ноҳияи Қубодиен як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки дар баробари мошинҳои сӯхторнишонӣ, мардуми зиёде низ ба ҷойи ҳодиса омада, талош доранд оташро хомӯш кунанд.  Алиҷон Тоҷиев, муовини раиси ноҳия ба Азия-Плюс хабар дод, ин нуқтаи сӯзишворӣ дар маркази ноҳия, дар рӯ ба рӯйи идораи Додгоҳи ноҳия қарор дорад. Дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар маркази ноҳияи Қубодиен як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки дар баробари мошинҳои сӯхторнишонӣ, мардуми зиёде низ ба ҷойи ҳодиса омада, талош доранд оташро хомӯш кунанд.

 Алиҷон Тоҷиев, муовини раиси ноҳия ба Азия-Плюс хабар дод, ин нуқтаи сӯзишворӣ дар маркази ноҳия, дар рӯ ба рӯйи идораи Додгоҳи ноҳия қарор дорад.

Дар натиҷаи ин сӯхтор 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки ҳолати 2-3 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. 

Дар ҷойи ҳодиса 6 мошини сӯхторнишони аз худи ноҳияи Қубодиен ва ноҳияҳои Шаҳритус, Дӯстӣ ва Носири Хусрав кор карда истодаанд, аммо муваффақ ба хомӯш кардани сӯхтор нашудаанд.  

Манбаъ нагуфт, ки ин сӯхтор кай сар задааст, танҳо ишора кард, ки баъдан сабабу омилҳои сар задани сӯхтор  муайян карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.