Шариф Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ таъин шуд. Тағйирот дар ВКД

Asia-Plus

Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мақомаш озод ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шудааст. Хабари сардори РВКД дар ВМКБ таъин шудани Назарзодаро як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" таъйид кард. 

Дақоиқе пеш Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохил ва сохторҳои ин ниҳод дар ВМКБ  ва чанд вилояту шаҳру ноҳияи дигар хабар дод.

Аз ҷумла бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудааст.

Як манбаъ аз РВКД Душанбе ба Азия-Плюс хабар дод, ки Бароталӣ Ҳамидзода сардори РВКД Душанбе таъин шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз барканорӣ ва таъини сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ хабар медищад. Аммо гуфта намешавад, ки ба ин мақомҳо кӣ таъин шудааст. 

Шариф Назарзода рутбаи генерал – лейтенанти милитсияро дорад, ки 56-сола аст. Хидмат дар мақомоти корҳои дохилиро сентябри соли 1987 оғоз кардааст.

Ба унвони ваколатдори оперативии гурӯҳи кор бо ноболиғон, ваколатдори калони оперативии корҳои махсусан муҳими шӯъбачаи мубориза бар зидди нашъамандии РКД, ваколатдори калони оперативии ШКД ва муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД ва муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД кор кардааст

Ду навбат сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе, муовини Вазири корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар вилояти Суғд низ буд. Аз 12 декабри соли 2017 то тағйироти имрӯз, дар мақоми сардори РВКД Душанбе кор мекард.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои тозатаъин "аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд",- овардааст дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...