Обуҳавошиносон аз эҳтимоли баландшавии сатҳи об дар дарёҳои Тоҷикистон огоҳ мекунанд

Обуҳавошиносони Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳоро аз боришоти зиёд пешгӯӣ мекунанд. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, имрӯз, 25 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии вилояти Хатлон хавфи фаромадани сел ва […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Обуҳавошиносони Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳоро аз боришоти зиёд пешгӯӣ мекунанд.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, имрӯз, 25 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии вилояти Хатлон хавфи фаромадани сел ва дар ҳавзаи дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Қаблан обуҳавошиносони ҷумҳурӣ моҳи февралро дар Тоҷикистон яке аз сербориштарин моҳҳо дар чанд соли ахир пешгӯйӣ карда буданд. Онҳо аз хавфи фаромадани тармаву сел ва сангреза дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд, инчунин ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳушдор дода буданд.

Дар ин робита имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар: Душанбе-Варзоб-Айнӣ ва Душанбе-Ванҷ ба навбатдории шабонарӯзӣ идома медиҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ боисрор даъват мекунад, ки мувофиқи имкон аз сафар ба мавзеъҳои дорои хатари тармафароӣ, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.