Кӣ ба куҷо? Идомаи тағйироти кадрӣ дар ВКД. Мансабҳои нави Қунғуротзодаву Мирзомуродзода

Дирӯз дар пайи тағйироти кадрӣ дар ВКД, ки Шариф Назарзода аз мақоми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе барканор ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд, ҳамчунин дар сохторҳои дигари ин вазорат ҳам тағйирот сурат гирифт. Дирӯз бо қарори раиси ҳукумат Бароталӣ Ҳамидзода аз мақоми муовини вазири корҳои охилӣ озод ва ба ҷойи Шариф […]

Asia-Plus

Дирӯз дар пайи тағйироти кадрӣ дар ВКД, ки Шариф Назарзода аз мақоми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе барканор ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд, ҳамчунин дар сохторҳои дигари ин вазорат ҳам тағйирот сурат гирифт.

Дирӯз бо қарори раиси ҳукумат Бароталӣ Ҳамидзода аз мақоми муовини вазири корҳои охилӣ озод ва ба ҷойи Шариф Назарзода сардори РВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд. 

Ҳамчунин дар идома полковник Файзулло Нозимзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенант Искандар Солеҳзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар наклиёт, 
генерал-майор Карим Солиев сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ва генерал-майор Фотеҳ Қунғуротзода сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб таъин шуданд.

Генерал-майор Рустам Мирзомуродзода, ки то ин дам сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКБ буд, акнун муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони Олиқадр таъин шудааст.

Дар идома  полковник  Холмурод Ҷабборзода сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД,  полковник Нуралишоҳ  Туразода сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковник Сафар Пирзода сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод, полковник Самад Сайфзода сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом, полковник Шодихон Амиршозода директори Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара таъин шудаанд.

Ҳамчунин бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД полковник Комилҷон Саидзода сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод, подполковник Рушон Ҷолизода сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошим, подполковник Абдураҳим Ғафорзода сардори ШВКД дар ноҳияи Вхши, подполковник Суҳроб Абдусамадзода сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус, подполковник Қурбон Хайруллозода сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалик ва майор Рустам Тоҳирзод сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун таъйин шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пешниҳоди Қазоқистон ба Тоҷикистон барои содироти бештари ғалла

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.