Ҳарифони Тоҷикистон дар Ҷоми футболи Осиё-2023: Қирғизистон, Мянма ва Сингапур

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи «F» бо дастаҳои Қирғизистон, Мянма ва Сингапур бозӣ мекунад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, рӯзи 24 феврал дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври интихобии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 баргузор шуд. Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 6 гуруҳ бо […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи «F» бо дастаҳои Қирғизистон, Мянма ва Сингапур бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, рӯзи 24 феврал дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври интихобии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 баргузор шуд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 6 гуруҳ бо 4 даста дар ҳар кадоме аз онҳо ташкил шуданд.

Бозиҳои гуруҳе, ки ба он Тоҷикистон шомил шуд, дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14 июн дар Бишкек баргузор мешаванд.

Мунтахаби Тоҷикистон даври интихобиро рӯзи 8 июн дар бозӣ бо тими Мянма оғоз мекунад. Рӯзи 11 июн футболбозони тоҷик бо дастаи Сингапур ва дар бозии охирини гурӯҳ бо соҳибони майдон – Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Ба даври финалии мусобиқа 11 даста – 6 дастаи ғолиби гуруҳҳо ва ҳамчунин 5 дастаи зинаи дуюми гуруҳҳо бо натиҷаҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

“Мақсади мо дарёфти роҳхат ба даври финалӣ аст”

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар бораи натиҷаҳои қуръакашӣ чунин изҳори назар кардааст:

“Тоҷикистон бо тимҳои Қирғизистон ва Мянма дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бозӣ карда, бо онҳо шинос аст. Бозиҳои даври интихобӣ осон нахоҳанд буд. Мо бояд ҳамаи дастаҳоро эҳтиром карда, ба бозиҳо ҳамаҷониба омодагӣ гирем. Ман ба даста бовар дорам. Мақсади мо дарёфти роҳхат ба даври финалӣ аст. Мутмаинам, ки бори нахуст барои Тоҷикистон роҳхатро ба даври финалӣ ба даст меорем”.  

Натиҷаи қуръакашии даври интихобии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023:

Гуруҳи «А»: Урдун, Кувейт (соҳибони майдон), Индонезия, Непал.

Гуруҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (соҳибони майдон).

Гуруҳи «С»: Ӯзбекистон (соҳибони майдон), Таиланд, Малдив, Шри-Ланка.

Гуруҳи «D»: Ҳиндустон (соҳибони майдон), Гонконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гуруҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (соҳибони майдон), Бангладеш.

Гуруҳи «F»: Қирғизистон (соҳибони майдон), Тоҷикистон, Мянма, Сингапур.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.