Неругоҳи ҳастаии Чернобил аз сӯйи низомиёни рус тасарруф шудааст

Низомиёни Русия 24 феврал нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро дар шаҳри Припяти Укроин тасарруф карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба сарвазири Укроин Денис Шмигал иттилоъ додааст. "Майдони Чернобелро баъди задухӯрди шадид аз даст додем. Вазъи неругоҳ номуайян аст. Баъди ҳамлаи комилан бемаънои русҳо наметавон гуфт, ки неругоҳ дар амн аст. Он имрӯз яке аз таҳдиҳои ҷиддӣ […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Низомиёни Русия 24 феврал нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро дар шаҳри Припяти Укроин тасарруф карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба сарвазири Укроин Денис Шмигал иттилоъ додааст.

"Майдони Чернобелро баъди задухӯрди шадид аз даст додем. Вазъи неругоҳ номуайян аст. Баъди ҳамлаи комилан бемаънои русҳо наметавон гуфт, ки неругоҳ дар амн аст. Он имрӯз яке аз таҳдиҳои ҷиддӣ ба Аврупо шумурда мешавад", – илова кард мушовири дастгоҳи президенти Укроин Михаил Подоляк.

Ҳамчунин бино ба иттилои BBC, хабари тасарруфи неругоҳи ҳастаии Чернобилро мушовири раиси дафтари раисҷумҳур Михаил Подоляк ба бархе расонаҳо таъйид кардааст.

Пештар президенти Укроин хабар дода буд, ки низомиёни рус талош доранд, то нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро тасарруф кунанд.

"Ҳимоятгарони мо ҷони худро медиҳанд, то ҳодисаи соли 1986 такрор нашавад. Ман дар ин бора ба президенти Шветсия хабар додам. Ин ҷанг бар зидди тамоми Аврупо аст", – навишт Зеленский.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.