Созиши Тоҷикистону Озарбойҷон доир ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ

Дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва ҳамраисии вазири кишоварзии Озарбойҷон Керимов Инам Имдад оғлу дар шакли ҳузурӣ ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид. Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа Завқизода зикр кардааст, ки […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва ҳамраисии вазири кишоварзии Озарбойҷон Керимов Инам Имдад оғлу дар шакли ҳузурӣ ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа Завқизода зикр кардааст, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, бонкӣ, меҳнат ва муҳоҷират, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар намуданд.

Ҳамчунин доир ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони озарбойҷонӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ва кластеризатсияи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Зикр мегардад, ки ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.