Иттиҳоди Аврупо фазои ҳавоияшро барои Русия комилан баст

Asia-Plus

Иттиҳодияи Аврупо дар пайи ҳамлаи низомии Русия дар Укроин фазои ҳавоии худро ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия комилан баст. Дар ин бораи субҳи имрӯз, Маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо дар як хабарномаи вижа хабар медиҳад.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен гуфт, ки "ҳавопаймоҳои Русия наметавонанд ба фурудгоҳҳои ИА фуруд оянд, аз ин фурудгоҳҳо бархезанд ё дар фазои ИА парвоз кунанд".

Хабаргузории русии ТАСС бо нақли қавл аз Маҷаллаи расмии ИА  оавардааст, ки "фазо барои ҳама намуди ҳавопаймоҳо баста шудааст".

Дар баробари ин дар ин хабарнома гуфта шудааст, ки "ниҳодҳои босалоҳият метавонанд ба ҳавопаймоҳо иҷозаи нишаст, бархостан ва парвозро дар қаламрави ИА бидиҳанд, агар  чунин иқдом барои ҳадафҳои башардӯстона зарур бошад ва ё барои ҳадафҳои дигаре, ки ба ҳамин муқаррарот мувофиқат мекунанд".

Пештар аз ин, вазирони корҳои хориҷии 27-кишвари Иттиҳодия Аврупо тарҳи комилан бастани фазои ҳавоии кишварҳояшрон барои ҳавопаймоҳои Русия, пазируфта буданд.

Ранее министры иностранных дел 27 стран Евросоюза одобрили полное закрытие воздушного пространства сообщества для российских самолетов.

Ба ҷуз ин, ИА кори расонаҳои "Russia Today" ва "Sputnik"-ро дар уаламрави худ манъ мекунад ва бастаи нави таҳримҳоро алайҳи "режими Лукашенко" ҷорӣ мекунад. 

"Мо ба ғосиби дигар дар ин ҷанг, режими Лукашенко ҳам бо бастаи нави таҳримҳо зарба мезанем, ки бахшҳои хеле муҳимро дар бар мегиранд",- изҳор дошт фон дер Ляйен.

Ҳамчунин Иттиҳодияи аврупо ҳама гуна муомилот бо Бонки марказии Русияро манъ кард. 

Владмир Путин, раисҷумҳури Русия 24-уми феврал аз оғози баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Укроин хабар дод, ки ҷониби Укроин инро ҳамла ва ҷанг Русия бо Укроин унвон карданд.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.