Қурби 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон чанд аст: 136 ё аз 100 сомонӣ пойин?

Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора хеле  поин рафта, 1000 рубли русӣ аз 141 сомонии чаҳор рӯз пеш, имрӯз дар бархе бонкҳо ба 100 сомонӣ ва пойинтар аз он расидааст. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмиро барои имрӯз, 28-уми феврал баробар ба 136,5 сомонӣ барои ҳазор рубли русӣ донистааст.  Сокинони […]

Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора хеле  поин рафта, 1000 рубли русӣ аз 141 сомонии чаҳор рӯз пеш, имрӯз дар бархе бонкҳо ба 100 сомонӣ ва пойинтар аз он расидааст. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмиро барои имрӯз, 28-уми феврал баробар ба 136,5 сомонӣ барои ҳазор рубли русӣ донистааст. 

Сокинони Тоҷикистон бо нашри аксҳои тоблуҳои қурби харид ва фурӯши асъор дар бонкҳои Тоҷикистон навиштаанд, ки дар чанде аз бонкҳо рӯзи душанбе 1000 рубли русӣ ба 100 сомонӣ баробар шудааст. 

Дар пайи сару садоҳо хабарнигори "Азия-Плюс" ба чанде бонкҳо сар зад. Дар яке аз филиалҳои "Амонатбонк" дар шаҳри Душанбе ба хабарнигор мо қурби 1000 рубли русиро баробар ба 95 сомонӣ, дар  "Имон Интернешнл" бошад 98 ва "Эсхата"-у "Спитаменбонк" 102,5 сомонӣ гуфтанд.

Ин дар ҳолест, ки дар таблои Бонки “Эсхата”,  ва "Имон Интернешнл" фурӯши рубли русӣ барои 1000 рубл 136 сомонӣ нишон дода шудааст. 

 

Поин рафтани қурби рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар лаҳзаи нашри ин матлаб, дар сомонаи расмиаш қурби 1000 рубли русиро барои рӯзи 28 феврали соли 2022-юм  136.5 сомонӣ нишон додааст.

Ин бонк қурби расмии рубли русиро барои имрӯз, 28 феврал Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 0,1365 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар кардааст.  Рӯзи ҷумъаи гузашта, 25 феврал қурби рубл 0,1330 сомонӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, қурби доллари ИМА нисбат ба арзи тоҷик бетағйир боқӣ монда – 11,3000 (барои 1 доллар) дар ҳолест, ки қурби пули аврупоӣ андаке (0,3%) устувор шуд: аз 12,6334 сомонӣ (барои 1 евро) рӯзи ҷумъа то 12,6775 барои имруз.

Ёдовар мешавем, ки қурби расмии рубл ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ қариб 11% поин рафт.

Дар оғози ҳафтаи гузашта қурби рубли русӣ дар кишвар ба 149 сомонӣ баробар буд. Дар давоми як ҳафтаи ахир қурби асъори Русия дар бозори арзи кишвар 49 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Паст шудани қурби рубли русӣ аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ин ба он вобаста аст, ки беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси муҳоҷир кор мекунанд ва бахши зиёди онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.