Иттиҳоди Аврупо фазои ҳавоияшро барои Русия комилан баст

Иттиҳодияи Аврупо дар пайи ҳамлаи низомии Русия дар Укроин фазои ҳавоии худро ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия комилан баст. Дар ин бораи субҳи имрӯз, Маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо дар як хабарномаи вижа хабар медиҳад. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен гуфт, ки "ҳавопаймоҳои Русия наметавонанд ба фурудгоҳҳои ИА фуруд оянд, аз ин фурудгоҳҳо бархезанд ё дар фазои […]

Иттиҳодияи Аврупо дар пайи ҳамлаи низомии Русия дар Укроин фазои ҳавоии худро ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия комилан баст. Дар ин бораи субҳи имрӯз, Маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо дар як хабарномаи вижа хабар медиҳад.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен гуфт, ки "ҳавопаймоҳои Русия наметавонанд ба фурудгоҳҳои ИА фуруд оянд, аз ин фурудгоҳҳо бархезанд ё дар фазои ИА парвоз кунанд".

Хабаргузории русии ТАСС бо нақли қавл аз Маҷаллаи расмии ИА  оавардааст, ки "фазо барои ҳама намуди ҳавопаймоҳо баста шудааст".

Дар баробари ин дар ин хабарнома гуфта шудааст, ки "ниҳодҳои босалоҳият метавонанд ба ҳавопаймоҳо иҷозаи нишаст, бархостан ва парвозро дар қаламрави ИА бидиҳанд, агар  чунин иқдом барои ҳадафҳои башардӯстона зарур бошад ва ё барои ҳадафҳои дигаре, ки ба ҳамин муқаррарот мувофиқат мекунанд".

Пештар аз ин, вазирони корҳои хориҷии 27-кишвари Иттиҳодия Аврупо тарҳи комилан бастани фазои ҳавоии кишварҳояшрон барои ҳавопаймоҳои Русия, пазируфта буданд.

Ранее министры иностранных дел 27 стран Евросоюза одобрили полное закрытие воздушного пространства сообщества для российских самолетов.

Ба ҷуз ин, ИА кори расонаҳои "Russia Today" ва "Sputnik"-ро дар уаламрави худ манъ мекунад ва бастаи нави таҳримҳоро алайҳи "режими Лукашенко" ҷорӣ мекунад. 

"Мо ба ғосиби дигар дар ин ҷанг, режими Лукашенко ҳам бо бастаи нави таҳримҳо зарба мезанем, ки бахшҳои хеле муҳимро дар бар мегиранд",- изҳор дошт фон дер Ляйен.

Ҳамчунин Иттиҳодияи аврупо ҳама гуна муомилот бо Бонки марказии Русияро манъ кард. 

Владмир Путин, раисҷумҳури Русия 24-уми феврал аз оғози баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Укроин хабар дод, ки ҷониби Укроин инро ҳамла ва ҷанг Русия бо Укроин унвон карданд.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.