Боздошти як марде, ки барои ифшои маълумоти беобрӯкунанда аз зан пул тамаъ мекард

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба гумони тамаъ кардани пул аз як зан боздошт шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, як зани 47-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шуъбаи ВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардааст. “Марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда) аз ӯ […]

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба гумони тамаъ кардани пул аз як зан боздошт шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, як зани 47-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шуъбаи ВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардааст.

“Марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда) аз ӯ маблағи 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷабрдида ба ӯ 1 ҳазору 500 сомонӣ медиҳад ва ҳангоми гирифтани пул гумонбаршуда дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин модда аз 5 то 10 соли зиндон бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.