Парвандаи пурсарусадои куштори хонаводаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун ба додгоҳ рафт

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Як манбаъ аз додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки тафтишоти парвандаи ҷиноии алайҳи се гумонбар дар куштори пурсарусадои хонаводаи Маҳмадовҳо бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон исрол карда шуд.

“Парвандаи ҷинояти рӯзи 22-феврал баъди тасдиқи фикри айбдорӣ нисбати се сокни ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори оилаи Маҳмадовҳо айбдор мешаванд ба суд ирсол шуд. Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи  104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд”,- гуфт манбаъ.

Рустам Мирзозода раиси Додгоҳи вилояти Хатлон низ ба "Азия-Плюс" тасдиқ кард, ки парвандаи номбурда ба ин ниҳод ворид шудааст.

“Парвандаи мазкур ба Додгоҳи вилоят ворид шудааст ва айни замон дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад. Парвандаро судияи додрас Хисрав Холзода баррасӣ хоҳад кард”,- гуфт раиси додгоҳи вилоят.

Ёдовар мешавем, ки қаблан додситонии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии ниҳодашон аз дастгир шудани нафари сеюм дар ин парванда хабар дода буд.

Муовини прокурори вилояти Хатлон Валӣ Ваҳобов рӯзи 3-феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодашон хабар дод, ки парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад.

“Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбати се нафар сокинони ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори оилаи Маҳмадовҳо даст доранд ба анҷом мерасад ва ба суд фиристода мешавад. Аз ин е нафар якеаш зан мебошад”,- гуфта буд Валӣ Ваҳобов.

Он замон прокурор дар бораи ҳувияти ин зан маълумоте надода буд.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39 сола ва се фарзанди 8,13 ва 14 солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеои сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо рафти тафтишоти шинос буд хабар дод, ки нафари сеюм ҳамсари яке аз дастгиршудаҳо мебошад.

“Ин зан дар он шаби ҳодиса ҳамроҳи шавҳараш будаасту вақте шавҳараш ва рафиқаш ба Маҳмадов ва фарзандонаш бо табар ҳамла мекарданд ӯ бо чароғи дастӣ (фонарик) рушноӣ мекардааст. Баъдан маълум шудааст, ки зани ҷабрдида ва як фарзандаш, ки зинда мондаанд ин занро шинохтаанд. Кӯдак гуфтааст, ки вақте маро заданд, ман ҳоло ҳушёр будам ва ин зан маро бо пояш ба таги крават тела дод”,- гуфт манбаъ.

Тавре ВКД хабар медиҳад, ҳодиса ба асоси рашк рух додааст. Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ба Қиёмиддин Насриддинов хабар додааст, ки занаш бо марҳум Маҳмадов ба ӯ хиёнат мекардааст.

“Рӯзи ҳодиса занам дар хонаи модараш буд ва бегоҳ ман ҳам рафтам. Онҷо ман бо занам ҷанҷол кардам. Баъдан омадам то бо Аҳлиддин баҳс кунам, вале моро ҷанҷол шуд. Баъдан шабона соати дуйи шаб бо ҳамроҳии Ҳайбуллоев ду тавваро гирифта ба хонаи Аҳлиддин рафтем”,- нақл мекунад Насриддинов дар навори ВКД.

Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев гуфтаҳои Насриддиновро тасдиқ карда илова мекунад, ки онҳо қаблан ин ҷиноятро ба нақша гирифта буданд. Ҳарду гумонбарон дар ин сюжет ба пуррагӣ чӣ гуна ба Маҳмадов ва аҳли оилаи ӯ ҳамла карданд ва баъдан хонаро оташ заданд, нақл карданд. Ҳамсояҳо аз дуд хабар ёфта ба хонаи Маҳмадов омадаву аз ин ҷиноят хабар ёфтанд.

Оилаи Маҳмадов, Латофат Азизова ва як писараш зинда монданд ва онҳо гумонбаронро шинохтанд.

Дар ҳамин сюжет гуфта мешавад, ки моҳи апрели соли 2021 ҳарду гумонбар бо ҷурми дузди дастгир шуда буданд ва бо ҷарима раҳо шуданд. Акунун нисбати онҳо бо содаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...