Дар ВМКБ се тарма фаромада, роҳ аз барфтӯдаҳо тоза карда шуд

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шабонарӯз шаш ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, 1 март соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 42, 43 ва 48-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, ки тариқи қаламрави ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим мегузаранд, се тарма фаромадааст. Инчунин […]

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шабонарӯз шаш ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, 1 март соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 42, 43 ва 48-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, ки тариқи қаламрави ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим мегузаранд, се тарма фаромадааст.

Инчунин дар километрҳои 7, 8 ва 24-уми ин роҳ, ки ба воситаи деҳаи Пиш мегузарад, низ се ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, айни замон оқибатҳои офати табиӣ бартараф ва роҳҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор карда шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои аввали моҳи март дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии тобеи марказ ва дар ғарби ВМКБ ҳодисаҳои фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.