Дар ВМКБ паланги барфии ба чорвои хонагӣ ҳамлакардаро дастгир карданд

Паланги барфиеро, ки шаби гузашта чорвои сокини ВМКБ-ро нобуд кард, дастгир карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КҲФ Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, тақрибан соатҳои 01:30 дақиқаи шаби 3 март паланги барфӣ ба чорвои хонагӣ дар оғили сокини Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъа ҳамла карда, 6 сар чорвои хурдро нобуд кард. “Баъди ҳамла ба сокинони […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Паланги барфиеро, ки шаби гузашта чорвои сокини ВМКБ-ро нобуд кард, дастгир карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КҲФ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, тақрибан соатҳои 01:30 дақиқаи шаби 3 март паланги барфӣ ба чорвои хонагӣ дар оғили сокини Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъа ҳамла карда, 6 сар чорвои хурдро нобуд кард.

“Баъди ҳамла ба сокинони маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Роштқалъа, ШВКД-и ноҳия ва Раёсати кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоятмуяссар шуд, ки даррандаро ба даромадан даруни қафас моил кунанд. Паланги барфиро ба мавзеи дурдаст бурда, раҳо карданд”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 23 феврал, тахминан соатҳои 07:30 дақиқаи субҳ паланги барфӣ ба чорвои хонагӣ дар оғили сокини ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа дарафтода, 20 сар чорвои хурди соҳибхонаро нобуд ва 1 сар чорвои калони шохдорро захмӣ кард.

Паланги барфӣ (номи илмиаш Panthera uncia) як гуна аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебаранд, чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.

Макони зисти паланги барфӣ дар Тоҷикистон 86 ҳазор километри мураббаъро ташкил мдода, 70%-и он дар ВМКБ қарор дорад. Ин паланг дар баландии аз 2,5 то 5 ҳазор ё зиёда аз он баланд аз сатҳи баҳр зиндагонӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.