Тоҷикистон ва Фонди глобалии экологӣ масоили афзоиши маблағгузории лоиҳаҳоро баррасӣ карданд

Asia-Plus

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори иҷроия ва раиси Фонди глобалии экологӣ Карлос Мануэл Родригес масоили афзоиши маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, ин мулоқот  4 март дар шаҳри Найробӣ   доир гардид.

“Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои афзоиши маблағгузории ФГЭ дар Тоҷикистон мутобиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳамкории фаъолтари ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти экологии Тоҷикистонро баррасӣ карданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, раиси Кумита бо ҳамсӯҳбат фаъолияти кунунии Фонд дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист, экология, минтақаҳои табиии ҳифзшаванда ва ғайраро баррасӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаи энергетикаи “сабз” итаваҷҷуҳ зоҳир шуда, зикр гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 96 дарсади нерӯи барқ ​​аз манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия тавлид мешавад ва беш аз 9 млн дарахтони навбунёд парвариш карда шуда, дар давоми 5 соли охир дар Тоҷикистон шинонда шудааст, ки ин иқтидори кишвари моро барои маъвшавии гази карбон зиёд мекунад.

Зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот раиси Кумита ҷаноби Родригесро барои боздид аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби чорабиниҳои минтақавӣ дар соли 2022 даъват намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...