Тоҷикистон ва Фонди глобалии экологӣ масоили афзоиши маблағгузории лоиҳаҳоро баррасӣ карданд

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори иҷроия ва раиси Фонди глобалии экологӣ Карлос Мануэл Родригес масоили афзоиши маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Тавре ки дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, ин мулоқот  4 март дар шаҳри Найробӣ   доир гардид. “Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои афзоиши маблағгузории ФГЭ […]

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори иҷроия ва раиси Фонди глобалии экологӣ Карлос Мануэл Родригес масоили афзоиши маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, ин мулоқот  4 март дар шаҳри Найробӣ   доир гардид.

“Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои афзоиши маблағгузории ФГЭ дар Тоҷикистон мутобиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳамкории фаъолтари ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти экологии Тоҷикистонро баррасӣ карданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, раиси Кумита бо ҳамсӯҳбат фаъолияти кунунии Фонд дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист, экология, минтақаҳои табиии ҳифзшаванда ва ғайраро баррасӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаи энергетикаи “сабз” итаваҷҷуҳ зоҳир шуда, зикр гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 96 дарсади нерӯи барқ ​​аз манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия тавлид мешавад ва беш аз 9 млн дарахтони навбунёд парвариш карда шуда, дар давоми 5 соли охир дар Тоҷикистон шинонда шудааст, ки ин иқтидори кишвари моро барои маъвшавии гази карбон зиёд мекунад.

Зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот раиси Кумита ҷаноби Родригесро барои боздид аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби чорабиниҳои минтақавӣ дар соли 2022 даъват намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.