НАВШУДА: Тирпарронӣ дар Чоркӯҳ. Як марзбони тоҷик кушта ва чанд тани дигар захмӣ

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 10-уми март дар натиҷаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар як сарҳадбони тоҷик аз тири ҳамтои қирғизаш ҳалок шудааст. Сокинон аз захмӣ шудани ду марзбон ва чанд ғайринизомии дигар хабар медиҳанд.

«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», – гуфт як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».

Дар бемористони марказии Исфара маҷрӯҳ шудани марзбонон ва афроди осоиштаро тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қирғизии “24.kg” аз қавли Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон менависад, ки тирпарронӣ тақрибан 10 дақиқа давом карда, дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.

Ин хабаргузорӣ аз оғози гуфтугӯи телефонии намояндагони сарҳадии ҷонибҳо иттилоъ медиҳад ва мегӯяд, ки дар натиҷаи тиррпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистон захмиён низ ҳастанд.

“Намояндагони сарҳадии ду кишвар музокирот доранд”,- менависад “24.kg”.

Бино ба фарзияи марзбонони қирғиз, ки 24.kg бо такя ба Неруҳои марзбонӣ хабар медиҳад, гӯё марзбонони тоҷик дар минтақаи таъинношудаи марзӣ, дар мавзеи Тескейи ноҳияи Бодканд, масири сафари пешинаи худро тағйир дода, ба мавзеи нави марзӣ мегузаранд ва аз сарҳадбоонони қирғиз талаб мекунанд, ки мавзеъро тарк кунанд. 

Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилои хабарнигори "Азия-Плюс" дар вилояти Суғд, ҷонибҳо бар сари музокирот нишастаанд ва то кунун натиҷаи музокирот низ маълум нест. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...