Тайи як шабонарӯз дар Тоҷикистон 18 тарма фаромад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар хатари фаромадани тармаву сел ва сангреза боқӣ мемонад.

Ба ин тариқ, рӯзи 9 март дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71-ум), Душанбе – Хоруғ (километрҳои 478 ва 497-ум), Хоруғ-Ишкошим (километри 29-ум) ва Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 558-ум) 18 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Барои тоза кардани роҳҳо аз ҷониби хадамоти нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва имдодгарони КҲФ навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ шуда, дар мавриди бартараф намудани офатҳои офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Бар асари офати табиӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва Хоруғ – Ишкошим муваққатан манъ аст.

Ҳамчунин боришоти зиёд дар километри 237-уми роҳи мошингарди Дарвоз – Ш.Шоҳин – Кӯлоб, ки тариқи қаламрави деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, ба фаромадани сангреза боис шудааст. Бо талошҳои кормандони Вазорати нақлиёт оқибатҳои офат сарвиақт бартараф карда шуда, роҳ боз аст.

Ёдрас мекунем, ки то охири ҳафта дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари фаромадани селу тарма ва сангреза, инчунин болоравии сатҳи об дар дарёву обанборҳо боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...