Тайи як шабонарӯз дар Тоҷикистон 18 тарма фаромад

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар хатари фаромадани тармаву сел ва сангреза боқӣ мемонад. Ба ин тариқ, рӯзи 9 март дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71-ум), Душанбе – Хоруғ […]

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар хатари фаромадани тармаву сел ва сангреза боқӣ мемонад.

Ба ин тариқ, рӯзи 9 март дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71-ум), Душанбе – Хоруғ (километрҳои 478 ва 497-ум), Хоруғ-Ишкошим (километри 29-ум) ва Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 558-ум) 18 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Барои тоза кардани роҳҳо аз ҷониби хадамоти нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва имдодгарони КҲФ навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ шуда, дар мавриди бартараф намудани офатҳои офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Бар асари офати табиӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва Хоруғ – Ишкошим муваққатан манъ аст.

Ҳамчунин боришоти зиёд дар километри 237-уми роҳи мошингарди Дарвоз – Ш.Шоҳин – Кӯлоб, ки тариқи қаламрави деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, ба фаромадани сангреза боис шудааст. Бо талошҳои кормандони Вазорати нақлиёт оқибатҳои офат сарвиақт бартараф карда шуда, роҳ боз аст.

Ёдрас мекунем, ки то охири ҳафта дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари фаромадани селу тарма ва сангреза, инчунин болоравии сатҳи об дар дарёву обанборҳо боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.