Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна чорабиниҳо баргузор мешаванд?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор мешаванд. Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг, соли равон намоишҳои маъмулии театришуда низ доир гардида, лекин иштирок кардан ё накардани президент дар онҳо ҳоло маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ишора карда буд, ки ҷашни Наврӯз бояд бидуни хароҷоти зиёдатӣ таҷлил карда шавад.

Доир ба чорабиниҳои асосии таҷлили ҷашни Наврӯз-2022 дар шаҳри Душанбе маълумот гирдоварӣ намудем.

Гулхани идона ва табрикот

Бино ба маълумоти шаҳрдорӣ, ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи пойтахт аз 21 то 24 март таҷлил мешавад. Ҷашн субҳи барвақт дар Боғи Ғалаба бо афрӯхтани гулхан оғоз мегардад.

Сипас иштирокчиён тариқи ҳамаи ноҳияи пойтахт гузашта, сокинонро бо ҷашн табрику таҳният мегӯянд.

Консерт ва сайругаштҳо

Консерту мусобиқаҳои варзишӣ маъмулан дар боғҳои шаҳр баргузор мешаванд. Ошпазҳо таомҳои миллӣ ва дар дегҳои калон суманак пухта мешавад.

Тибқи сенарияи шаҳрдорӣ, чорабиниҳои фараҳангиву оммавӣ ва консертҳо соати 10 оғоз гардида, сипас дар боғҳо сайругуштҳои оммавӣ барпо мешаванд.

Чорабиниҳо дар боғҳои “Куруши Кабир” дар ноҳияи Шоҳмансур, ба номи Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба номи Фирдавсӣ дар ноҳияи ҳамноми Фирдавсӣ ва майдони назди Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Сино баргузор мешаванд.

Гӯштингирӣ, пойгаи аспдавонӣ, влосипедронӣ…

Рӯзҳои 20-21 март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштингирӣ доир мегардад.

Дар ҳамин ҷо рӯзи 24 март соати 10:00 мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ оғоз мегардад.

Бори нахуст рӯзҳои 17-19 март дар Душанбе аввалин Чемпионати Осиё оид ба кураш доир мегардад, ки дар он намояндагони зиёда аз 25 кишвари саросари дунё иштирок мекунанд. Он дар Маҷмааи варзишии теннису шиноварӣ баргузор мешавад. Оғози мусобиқаҳо соати 10:00.

Ҳамчунин дар Душанбе аз 25 то 29 март Чемпионати Осиё-2022 оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои баргузор мешавад.

Ҷашнвораи ҷавонон

Аз 16 то 19 март дар Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросбарони анаъанаҳои Наврӯз” ҷашнвораи дустӣ доир мегардад.

Ярмаркаҳо

Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, майдони назди Қарияи Боло ва майдони рӯ ба рӯи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ярмаркаҳои идона ташкил карда мешаванд.

Сафари ҳунарии Театри лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон

Қариб муддати 10 рӯз ҳунармандони Театри лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт.

Намоишномаҳои онҳо барои тамошобинони синни аз 4 то 16-сола пешбинӣ гардида, аз 11 то 20 март дар Театри лӯхтаки пойтахт намоиш дода мешаванд. Спектаклҳоро бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ метавон тамошо кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...