Чаро Заррина бо 5 фарзанд хонаи ободе надорад

Заррина модари панҷ фарзанд мебошад. Онҳо ҳама дар як ҳуҷраи дар ҳолати садамавӣ қарордошта умр ба сар мебаранд. Ба сурати умум дар 4 сотих замин се ҳуҷра ҷойгир шудааст. Дар дигар ҳуҷраҳо хушдоман ва хоҳарарӯсаш бо фарзандаш зиндагӣ доранд. Шавҳари Заррина барои таъмини рӯзгори оила дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, лекин бинобар кори […]

Нигина Аслонова, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Заррина модари панҷ фарзанд мебошад. Онҳо ҳама дар як ҳуҷраи дар ҳолати садамавӣ қарордошта умр ба сар мебаранд. Ба сурати умум дар 4 сотих замин се ҳуҷра ҷойгир шудааст. Дар дигар ҳуҷраҳо хушдоман ва хоҳарарӯсаш бо фарзандаш зиндагӣ доранд.

Шавҳари Заррина барои таъмини рӯзгори оила дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, лекин бинобар кори доимӣ надоштан, гоҳ-гоҳ пул мефиристад.

Худи зан ҳам кори доимӣ надошта, барои дарёфти маблағ ба корҳои гуногун машғул аст.

Ду нафар аз кӯдаконаш бемории фалаҷи мағзӣ доранд. Ду сол пеш бо духтари 6-солаи ӯ фоқеа рух додааст, ки аз лиҳози ахлоқӣ аз гуфтанаш худдорӣ мекунем. Ба кӯдакон барои маъюбиашон кумакпулӣ медиҳанд, лекин ин маблағ ҳатто барои доруворӣ ва нигоҳубини онҳо намерасад.

Ин оила ошхона надошта, хӯрокро дар ҳуҷра ё дар кӯча тайёр мекунанд. Шароити шустушӯяшон ҳам хуб нест, аз ин рӯ, лозим меояд, ки ин корро ҳам дар дохили ҳуҷра ё кӯча агнҷом диҳанд. Заррина ният дошт, ки дар қафои хона як ошхонаи хурдакак созад, лекин ним сотих замин баҳсбарангез баромад, чунки ҳуҷҷатҳои онро ба расмият дароварда наметавонад.

Вазъияти ин оила хеле мушкил буда, шадидан ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва беҳтар кардани шароити зисташон ниёз доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.