Эмомалӣ Раҳмон дар Миср боз бо киҳо вохӯрду чӣ гуфтушунидҳо дошт?

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Миср 10 март дар шаҳри Қоҳира бо cарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоугзорӣ, инчунин раиси Сенати ин кишвар дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни мулоқот бо сарвазири Миср тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, бахусус нассоҷӣ, дорусозӣ, коркарди нахи пахта ва чарм, истихроҷу коркарди маъданҳо, сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо аз самтҳои ояндадору барои ҷонибҳо судовар номида шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсия, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва дар дигар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ изҳор доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, ҳамкории байнибонкӣ, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, рушди сайёҳӣ, саноати дорусозӣ ва дигар самтҳо табодули афкор намуданд.

Рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг, тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву гуманитарӣ ба мисли тандурустӣ, дорусозӣ, кор бо ҷавонон, таҳкими робитаҳо миёни воситаҳои ахбори оммаи ду кишвар ба манфиати кор унвон шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар, ки дар доираи Анҷумани соҳибкорони соҳибкорони Тоҷикистон Миср доир гардид, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 млрд доллар амалӣ шуда истодааст.

“Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст, – гуфт президент. – Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ шаҳодати мутобиқ будани қонунгузории он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад”.

Зимнан таъкид шуд, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар, Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, иртибототу нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва бунёди инфрасохтори саёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

“Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминийи аввалия то маҳсулоти ниҳоӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардидаанд”, – гуфт ӯ.

Зимни мулоқот бо раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз раиси сенати Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...