Натиҷаҳои рӯзи дуюми сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Миср

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, тамаддун ва фарзандони баруманди ин кишвар дар шаҳри Қоҳира назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот гулчанбар гузошта, эҳтиром ба ҷо овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сипас баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ду кишвар дониста шуд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Миср аз тариқи табодули таҷриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтақаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди онҳо, изҳор намуданд.

Ҳар ду ҷониб дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ, дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, таҷлили муштараки ҷашнҳои бузургони адаб ва фарҳанги гузашта, оид ба роҳандозии робитаҳои судманд ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистону Миср ба мувофиқа расиданд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷудаи байни ду кишвар аз самтҳои дигару судовар дар муносиботи мамлакатҳо номида шуд.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ аз Тоҷикистон боздид ба амал орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Гуфта мешавад, баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 5 санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо расид:

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Арабии Миср;

– Созишномаи бародарӣ ва дустӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷануби Синои Ҷумҳурии Арабии Миср;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Маркази мероси хатии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхона ва Бойгонии милии Миср.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Мисрробарои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...