Cафари Эмомалӣ Раҳмон ба Миср: рӯзи аввал

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ Ҷумҳурии Арабии Миср, ки 9 март оғоз шуд, аз аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид намуда, бо фаъолияти ду корхонаи саноатӣ шинос шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ Ҷумҳурии Арабии Миср, ки 9 март оғоз шуд, аз аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид намуда, бо фаъолияти ду корхонаи саноатӣ шинос шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигораҳо мебошад, ки дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунанд.

Нигораҳои осорхона дар 9 толор, аз ҷумла як намоишгоҳи асосии доимӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни Миср, бо шаш намоишгоҳи мавзӯӣ аз қабили “Субҳи тамаддун”, “Дарёи Нил”, “Навиштаҷот”, “Давлат ва ҷомеа”, “Фарҳанг”, “Эътиқод ва ғояҳо” ва намоишгоҳи мумиҳои подшоҳӣ ҷойгир шудааст.

Толори мумиёҳо меҳмононро бо фазои водии Подшоҳон ошно месозад. Дар толор 20 мумиҳои подшоҳон, аз ҷумла 18 подшоҳ ва ду малика, аз сулолаҳои ҳабдаҳум то бистум иборат аст.

Муҳимтарини ин мумиҳо мумии шоҳ Секенен Ра Тао, шоҳ Тутмоси III, малика Хатшепсут, шоҳ Рамзес II ва шоҳ Рамзес III мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек ҷиҳати рушду пешрафти кишвари дӯсти Ҷумҳурии Арабии Миср соядаст гузошт.

Ба иттилои манбаъ, дар идома президенти Тоҷикистон дар минтақаи Ал – Ханкаи ин кишвар аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намуд.

Дар корхонаи “Ҷипто фарма” ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари миёна ба ҳисоб рафта, дорои қудрат ва тавоноии истеҳсоли тамоми намуди доруҳои табобатӣ мебошад.

Ширкати мазкур пурра барои истеҳсоли доруҳои гуногуни тиббӣ дар масоҳати умумии 180 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Як қатор доруҳои дар олам маъруф, дар ин ширкат истеҳсол карда мешавад.

Сипас, дар минтақаи саноатии Ал-Ханка Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати “Тӣ энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) шинос шуд. Ин ширкати муштараки саноатӣ ба истеҳсоли матоъ ва духти сару либосҳои ҷинс машғул аст.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат бо раҳбарияти корхона Сарвари давлат оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат суҳбати самимӣ доир намуд.

Зикр мегардад, ки корхона аз ҷониби ширкатҳои мисрии “Толба Груп” ва “Тай Груп”-и Туркия соли 2010 таъсис ёфтааст. Бо истифода аз технология ва системаҳои пешрафта, ин иншооти истеҳсолӣ дар шаҳри Обури Миср дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, 4 ҳазор коргар дорад.

Тибқи маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Миср 773,4 ҳазор долларро ташкил додааст, ки 25,5% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад. Содирот 18 ҳазор доллар ва воридот 755 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.