“Сибирь”: Аз ҳафтаи оянда парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия барқарор мекунем

Ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”-и Русия, ки аз 5 март парвозҳояшро аз ва ба Тоҷикистон ба Русия боздошта буд, аз ҳафтаи оянда ният дорад, ки хатсайрҳояшро барқарор кунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов. “Охири ҳафта ширкат ният дорад, ки парвозҳоро ба Тоҷикистон барқарор кунад. Айни замон сабти дубораи ҳавопаймоҳо дар феҳристи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”-и Русия, ки аз 5 март парвозҳояшро аз ва ба Тоҷикистон ба Русия боздошта буд, аз ҳафтаи оянда ният дорад, ки хатсайрҳояшро барқарор кунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов.

“Охири ҳафта ширкат ният дорад, ки парвозҳоро ба Тоҷикистон барқарор кунад. Айни замон сабти дубораи ҳавопаймоҳо дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои мусофирбар (шаҳрвандӣ)-и Русия идома дорад. Пас аз анҷоми сабти дубора парвозҳо ба кишвари мо барқарор мешаванд”, – гуфт Ҳасанов.

Ӯ бори дигар хотиррасон намуд, ки мусофирони хатсайрҳои бекоршуда метавонанд пурра пули билеташонро гиранд ё онро ба хатсайри дигар баъди барқарор шудани парвозҳо мегузаронанд.

“Пас чаро мусофирон бобати баргардонида нашудани пули билетҳо шикоят мекунанд?”, – пурсид хабарнигори “Азия-Плюс” аз Фазлиддин Ҳасанов ва посухи ӯ чунин буд:

"Тавре ки пештар гуфта будам, ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” 100% пули билетҳои мусофиронро бармегардонад. Айни замон вазъи вобаста ба интиқоли пул дар бонкҳо каме норӯшан аст. Вазъ, ки ба эътидол омад, ширкат маблағи харҷшударо бармегардонад. Билети мусофирони мо ҳеҷ гоҳ бекор нашуда буд, мо ба онҳо ё пулашонро баргардонида будем, ё ба хатсайрҳои дигар мегузаронидем. Дар замон хуруҷи коронавирус низ чунин буд”.

“Умедворам, ки ширкат ба ман дурӯғ намегӯяд”

Яке аз мусофирон бо номи Азизҷон, ки аз ширкати “Сибирь” 4 билет харидааст, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ҳоло пулҳои ӯро барнагардонидаанд ва ӯ ба хатсайри дигар ширкат билет харидааст, то ки ба Русия равад.

“Ман барои худам ва аҳли оила ба маблағи 99 ҳазор рубл (12 ҳазору 870 сомонӣ) 4 билет харидам (1-тоаш барои кӯдаки 3-сола), лекин парвози хатсайри моро бекор карданд. Хостам, ки пулҳоямро бозпас гирифта, бо хатсайри ширкати дигар парвоз кунам, лекин ба ман гуфтанд, ки ҳоло баргардонидани пул ғайриимкон аст ва ман метавонам бо ҳавопаймои ширкати дигар парвоз кунам. Гуфтанд, ки онҳо баъди муътадил шудани вазъият пулҳоро бармегардонанд. Ман бовар карда, ба маблағи 11 ҳазору 426 сомонӣ боз 4 билети дигари ширкати  “Уральские авиалинии”-ро ба хатсайри Душанбе-Екатеринбург харидам”, – мегӯяд Азизҷон.

Ин мусофир умедвор аст, ки намояндагони ширкати “Сибирь” ба ӯ дурӯғ нагуфта, пули билетҳояшро бармегардонанд. Субҳи имрӯз ӯ ба Екатеринбург парвоз кард.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба таҳрими кишварҳои Ғарб нисбати Русия, аз ҷумла дар бахши авиатсия, Росавиатсия 5 март ба ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар тавсия дод, ки парвозҳои байнулмилалиро қатъ кунанд.

Тавсияи худро он замон Росавиатсия ба сатҳи баланди хавфи таъхир ё ҳабси ҳавопаймоҳои Русия дар хориҷа, ки дар феҳристи ҳавопаймоҳои мусофирбари кишварҳои хориҷӣ дар доираи шартномаи лизинг бо ташкилоти хориҷӣ сабт шудаанд марбут донист.

Ҳавопаймоҳои ширкати “Сибирь” дар як моҳ аз 4 фурудгоҳи Тоҷикистон зиёда аз 80 парвозҳоро ба 10 шаҳри Русия – Москва, Новосибирск, Екатеринбург, Волгоград, Воронеж, Кемерово, Нижний Новгород, Омск, Саратов ва Тюмень анҷом медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.