Даргузашти Раҷаб Ҳусейн ҳунарманди саршиноси театру синамо дар синни 81-солагӣ дар хориҷи кишвар

Раҷаб Ҳусейнов ҳунарманди саршиноси театру синамои тоҷик, имрӯз дар синни 81-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони ҳунарманд хабар медиҳанд. Гуфта мешавад ҳунарманд чанд вақти ахир дар бистари беморӣ буд. Бино ба иттилои дарёфти ин ҳунарманди пуровозаи кишвар дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия даргузаштааст. Раҷаб Ҳусейн аз шумули ҳунармандони номдори театру […]

Asia-Plus

Раҷаб Ҳусейнов ҳунарманди саршиноси театру синамои тоҷик, имрӯз дар синни 81-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони ҳунарманд хабар медиҳанд. Гуфта мешавад ҳунарманд чанд вақти ахир дар бистари беморӣ буд.

Бино ба иттилои дарёфти ин ҳунарманди пуровозаи кишвар дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия даргузаштааст.

Раҷаб Ҳусейн аз шумули ҳунармандони номдори театру синамои тоҷик буд, ки дар баробари нақшҳои мондагор дар саҳнаи театру пардаи синамоми миллӣ, ҳамчунин дар филмҳои зиёди кишварҳои хориҷӣ низ нақш офаридааст ва шуҳрати зиёди дар хориҷ аз кишвар дошт.

Ин ҳунарманди саршинос моҳи августи соли 1941 дар Душанбе таваллуд шудааст. Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, дар театри Лоҳутӣ ва Маяковскийи шаҳри Душанбе кор карда буд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд. Ӯ тақрибан, дар шаст намоишнома, аз ҷумла “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Сарбозони инқилоб” ва “Шаби охирини Суқрот”, нақш бозидааст.

Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. “Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Субҳи Ганг”, “Гаравгонон”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” аз ҷумлаи филмҳое ҳастанд, ки дар онҳо образҳои гуногун офаридааст,” – навиштаанд дар Википедияи тоҷикӣ.

Гуфта мешавад, саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ниҳоят калон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.